Ҳарифони варзишгарони тоҷик дар Телавив маълум шуданд

© Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанТаджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов намояндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ҳарифони варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи "Tel Aviv Grand Slam 2022" муайян шуданд, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқа аз 17 то 19 феврал дар шаҳри Телавив баргузор мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар мусобиқаи мазкур 309 варзишгар аз 34 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгари шинохта, Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов намояндагӣ мекунанд.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2022
Қабули қоидаҳои нав дар ҷудо: аз танзими мӯйи сару либос то тарзи ҳамла
Гуфта мешавад, Сомону Шодмон дар рӯзи дуюми мусобиқа, якумӣ бо варзишгари бразилӣ ва дуюмӣ бо мизбони мусобиқа вориди майдон мешаванд.
Ҳамчунин Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов рӯзи сеюми мусобиқа куштӣ мегиранд. Ҳарифи Раҳимов варзишгари исроилӣ аст ва Маҷидов бо намояндаи Ӯзбекистон қувва месанҷанд.
Чун анъана варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, соҳиби ҷоизаи пулӣ низ мешаванд: барои ҷои аввал 3000 евро, ҷои дуюм 2000 евро ва ҷои сеюм 1500 евро мушаххас шудааст.
Лентаи хабарҳо
0