Обхезии харобиовар дар Бразилия боиси фавти беш аз 100 нафар шуд - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Боришоти шадиди борон боиси сар задани обхезии азим дар Бразилия шуд. Тайи ин офати табиӣ беш аз 100 ҳазор нафар қурбон шуданд
Офати табиӣ дар минтақаи Петрополис, ки беш аз 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, рух дод. Рӯзи сешанбе борони шадид шуруъ шуд ва давоми камтар аз шаш соат дар як метри мураббаъ 260 литр борон борид.
Дар видео дида мешавад, ки аз ҳисоби борони зиёд боридан теппае сарозер шуда, ҳама ҷоро пахш кард.
Сӯхторҳои даҳшатбор дар Аргентина - видео
Дар шаҳр нақлиёти зиёде даруни оби лой "шино" мекунанд. Ба иттилои расмӣ, феълан фавти 104 сокини маҳаллӣ сабт шудааст. Аммо ин шумора шояд тағйир ёбад, зеро наҷотбахшон маконҳои харобшударо тафтиш мекунанд.
Губернатори иёлат вазъиятро ниҳоят вазнин арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, чунин борони шадид ҳанӯз соли 1932 борида буд.
Лентаи хабарҳо
0