Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳавои Тоҷикистон бебориш мешавад, вале қариб дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тормеғ мефарояд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Оҷонсии обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунк то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар қисмати шарқӣ рӯзона 6-11 ва шабона 22-27 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро тағйирёбандаи бебориш арзёбӣ намуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунк то 1 дараҷа гармва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0