Расонаҳо: Пойҳои малика Елизавети II аз кор монданд

© REUTERS \ POOLЕлизавета, Королева Великобритании
Елизавета, Королева Великобритании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Обуна шудан
Малика Елизавети II муддати тӯлонист, ки дар назди мардум бе асо зоҳир нашудааст. Пизишкон ҳам аз бад шудани вазъи саломатии ӯ хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Маликаи Британияи Кабир Елизавета II эҳтимол аз пои равон маҳрум шавад. Дар ин бора "The Sun" иттилоъ додааст.
Як рӯз пеш ӯ дар қалъаи Виндзор ду мулоқот баргузор кард. Инҳо аввалин мулоқотҳои рӯ ба рӯи малика мебошанд, ки пас аз тамоси ӯ бо шоҳзода Чарлз, ки гирифтори коронавирус буд, сурат гирифтаанд.
Дар видео маълум аст, ки контр-адмирал Ҷеймс Маклеод ва генерал-майор Элдон Миллар ба ҳуҷрае, ки Элизабети II дар он қарор дошт, ворид ва аз аҳволи ӯ пурсон шуданд.

"Чунон ки мебинед, ман ҳаракат карда наметавонам", - мегӯяд ӯ ва ба асо такя карда, пои худро нишон медиҳаду сипас чанд қадами хурде барои дастфишорӣ кардан бо мансабдорон мемонад

Пизишкон бад шудани вазъи сиҳҳати маликаро ба синну соли ӯ рабт медиҳанд. Гузашта аз ин фавти шавҳараш, шоҳзода Филипп низ ба саломатии ӯ таъсир расонд.
Пас аз маросими дафн малика дар байни омма камтар пайдо мешуд. Дар якчанд ҳамоиш ӯро бо асо диданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта шоҳзода Чарлз ба коронавирус гирифтор шуда буд. Чанд рӯз пеш вай Маликаро дар қалъаи Виндзор дида буд. Расонаҳо менависанд, ки худи малика гирифтори коронавирус нашудааст.
Соли 2022 маликаи Бритониё 96-сола мешавад. Илова бар ин Елизавета II 70-умин солгарди ба тахт омаданашро таҷлил мекунад. Қаблан маълум шуда буд, ки пас аз маргаш ҷои ӯро шоҳзода Чарлз мегирад.
Лентаи хабарҳо
0