Дуздӣ дар утоқи кории раиси ширкати фурӯши сӯзишворӣ

© Sputnik / Константин МихальчевскийЗаправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС
Заправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси ширкати фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд ба милиса шикоят кардааст, ки туъмаи дуздон шудааст
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, раиси ширкати фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳадафи дуздӣ қарор гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, ба идораи милиса раиси 31-солаи "Фараҳ Ойл" муроҷиат карда, арз доштааст, ки шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба утоқи кориаш даромада, аз он ҷо 35 ҳазору 580 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Худи ҳодисаи дуздӣ 12-уми феврал рух додааст, аммо мақомот аз боздошти муттаҳам дар ин ҷиноят 18-уми феврал гузориш доданд.
Маъмурини милиса марди 33-сола, сокини шаҳри Хуҷандро гумонбари ин ҷиноят медонанд, ки феълан дар боздошт буда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Человек держит мобильный телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
"Пул деҳ ё навори урёнатро паҳн мекунам": Боздошти марде барои тамаъҷӯӣ аз зан дар Душанбе
Ин нахустин ҳолати туъмаи дуздону роҳзанҳо шудани нуқтаҳои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон набуда, қаблан низ ҳолатҳои ҳамлаю дуздӣ аз хазинаҳои масъулини фурӯши сӯзишворӣ ба қайд гирифта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки моддаи 244-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои дуздӣ вобаста ба ҳолати содир шудани ҷиноят аз ҷарима ба андозаи то 1 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, корҳои ислоҳӣ ва ё то 12 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Ҷазои аз 8 то 12 соли зиндон дар сурати ретседивӣ, дар ҳаҷми махсусан калон ва ё аз ҷониби гуруҳи муташаккил содир шудани ҷинояти дуздӣ пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0