Коронавирус дар Тоҷикистон тамом шуд? Вазорат гуфт, ягон ҳолати гирифторӣ саб нашуд

© Sputnik / Алексей СухоруковВрач в палате, архивное фото
Врач в палате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон давоми 24 соати гузата ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сат нашудааст
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.
Бино ба гузориши ин ниҳод, аз аввали бақайдгирӣ то кунун дар кишвар 17385 нафар гирифторони сирояти COVID-19 ба қайд ва аз ин шумора то санаи зикргардида 17249 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд.
Тибқи омор ҳоло дар кишвар 136 нафари дигар аз ин беморӣ табобат мегиранд.
Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.
Қаблан масъулини ниҳоди тандурустии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки мавҷи нав дар беморон осон мегузарад, чун марҳилаи ваксиназанӣ фаъол идома дорад ва наздик ба ҳосилшавии иммунитети умумӣ аст.
Ба иттилои манбаъ, ин раванд паҳншавии босуръати бемориро бозмедорад.
Третья волна коронавируса в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: маълумоти дақиқ
Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикрони COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дода буд.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло беш аз 80% сокинони кишвар аллакай эм карда шудаанд, ки наздик ба 5 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Ваксинзании зидди бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандоне, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмист. Ваксинаро бо яке аз ин 5 дору - "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон гирифтан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0