Муҳоҷирон ба кормандони пулиси Маскав дар метро ҳамла карданд - видео

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМеры безопасности в московском метро
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Обуна шудан
Муноқиша бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо рух додааст
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар метрои Маскав ду афсари пулис мавриди ҳамлаи мущоыирон қарор гирифтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Ҳодиса ҳангоми тафтиши ҳуҷҷат рух додааст. Пулис хост, ки ҳуввияти ин ду нафарро дақиқ кунад, аммо онҳо нахуст рад карданд ва сипас ба мақомот ҳамла намуданд.
"Яке аз гумонбаршудагон талаби қонунии мақомот дар бораи рафтан ба утоқи пулис барои муайян кардани ҳуввияти худро қатъиян рад кард ва баъдан ба тела додан ва ҷунбонидани дастонаш ба сӯи афсарони милиса шурӯъ кард", - омадааст дар изҳороти шӯъба.
Яке аз ҷабрдидаҳо аз сараш захм бардошту, дуюмиро бо лагад кӯфтаанд.
Гуфта мешавад, ки як ҳамлагар фирор кард, гумонбари дигар дар ҷои ҳодиса дастгир шуд. Лаҳзаи боздошти яке аз муҳоҷирон дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса, парвандаи ҷиноӣ дар асоси қисми 1 моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият) боз шуд.
Ба иттилои расонаҳо, боздоштшуда зодаи 21-солаи Тоҷикистон будааст. Бо вуҷуди он, ки ба гуфтаи ӯ, танҳо пулисро тела додааст ва аз қувваи ҷисмонӣ истифода накардааст, ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Полиция выявляет нелегальных мигрантов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Зиндагии берун аз қонун. Чаро муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд?
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки дар Маскав як муҳоҷири тоҷик ду корманди пулисро захмӣ кардааст. Намояндагони мақомот барои бартараф кардани муноқиша ҳозир шудаанд, вале худ зарар диданд. Ҳангоми боздошт яке аз шаҳрвандон сӯи пулис кордкашӣ кардааст.
Путин гуфт, бо муҳоҷирони қонуншикан чӣ бояд кард
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи даст ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Маълум шуда, ки ҳамлагар зодаи Тоҷикистон будааст. Ӯ 23 сол дошта, дар Маскав ҷои истиқомати доимӣ надорад.
Лентаи хабарҳо
0