Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ: Ба мардуми Афғонистон ёрӣ расонед

© МИД РТДжонибек хикмат Постоянный представитель РТ в ООН
Джонибек хикмат  Постоянный представитель РТ в ООН  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар дидор бо муовини дабири кулли Созмони Милал бар зарурати таҳкими ҳамкориҳо барои расондани ёрии башардӯстона ба мардуми Афғонистон таъкид кард
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Мартин Гриффитс, муовини Дабири кулли СММ дар умури масоили башардӯстона дидор ва мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати хориҷа.
Зимни мулоқот масъалаи ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва Дафтари СММ дар умури ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона (OCHA) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон зимни мулоқот тарафҳо дар хусуси вазъи башардӯстона дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо барои расондани ёрии башардӯстона ба мардуми Афғонистон, ки дучори буҳрони мудҳиши иҷтимоӣ гардидаанд, таъкид карданд.
Люди получают хлеб в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Кумитаи Байналмилалии Наҷот: 97 дарсади мардуми Афғонистон ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудаанд
Бояд гуфт, ки чанде пеш Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи Шурои амнияти СММ дар мавзуи “Ҳамкории СММ ва созмонҳои минтақаӣ ва зерминтақаӣ дар дастгирии сулҳу амнияти байналмилалӣ: ҳамкориҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ” суханронӣ карда буд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ зимни суханрониаш аз афзоиши терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои муташаккили фаромиллии аз Афғонистон зуҳуркунанда изҳори нигаронӣ намуд.
Дар робита ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон намояндаи доимӣ аз ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бунёди “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон ёдовар шуда, барои татбиқи он ҷалби СММ ва дигар созмонҳои байналмилалиро мувофиқ донист.
Лентаи хабарҳо
0