Байдену Раҳмон аз шарикӣ, амният, адолат, мубориза бо COVID-19 ва оянда гуфтанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРасширенное заседание Правительства Республики Таджикистан
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон дар паёмаш ба раисҷумҳури ИМА аз вазъи феълии муносибот изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаашонро нек арзёбӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 19 фев– Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷозеф Байден, президенти ИМА ҳамдигарро бо 30-юмин солгарди равобити дипломатии ду кишвар шодбош гуфтанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар паёмаш ба Байден гуфт, ИМА-ро имрӯз шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.
Ӯ аз муносиботи ду кишвар, аз ҷумла дар арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ намудааст.
"Омодаем, ки ҷиҳати густаришу тавсеаи бемайлони муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар ва бештар ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои онҳо бо ҷанбаҳои нави амалӣ минбаъд низ иқдомҳои муштаракро дар сатҳҳои мухталиф роҳандозӣ намоем", - омадааст дар паём.
Американский вертолет UH-60 Black Hawk в Афганистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Пентагон гуфт, чаро чархболҳои монда дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ба толибҳо дода намешаванд
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин паёми шодбошии Байден ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро нашр намудааст. Президенти ИМА гуфтааст, дар тӯли ин 30 сол барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намудаанд.
Ӯ афзудааст, ки ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо COVID-19, инчунин дар соҳаҳои рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, тағйирёбии иқлим ва энергетика, волоияти қонун, амният ва робитаҳои байни одамон пеш хоҳанд бурд.

"Шарикии мо ба шукуфоии бештар, амният ва адолат барои ҷомеаҳои мо ва тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳад кард", - омадааст дар паёми президенти ИМА.

Байден таъкид намудааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳарвақта ба мардуми Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон содиқ боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки муносиботи дипломатии миёни Тоҷикистону ИМА 19-уми феврали соли 1992 роҳандозӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0