Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими "Чертаново"-и Маскавро шикаст дод

© ФФТ РТМолодежная сборная Таджикистана
Молодежная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Обуна шудан
Дастаи Тоҷикистон ҳамсолонашон аз тими "Чертаново"-и Маскавро шикаст дод
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия дар як бозии дигар пирӯз шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Дастаи Тоҷикистон ҳамсолони худ аз "Чертаново"-и Маскавро дар бозии санҷишӣ шикаст дод, ки дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷавонони Русия баромад мекунад.
Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт ва пирӯзӣ насиби дастпарварони Аҳлиддин Турдиев гардид.
Бозӣ рӯзи 19 феврал дар маҷмаи варзишии "Арслан Зеки Демирчи"-и шаҳри Сиде баргузор шуд.
Мубин Эргашев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Наметарсем ва намеларзем: Эргашев дар бораи ҳарифон ва мушкилии мунтахаби кишвар гуфт
Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи дуюми бозӣ ҳисобро боз кард ва дар дақиқаи 52-юм, пас аз партоби канории Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов нимҳимоятгар Азизбек Ҳайитов бартарии дастаи Тоҷикистонро дучанд кард.
Ин дувумин пирӯзии тими Тоҷикистон дар ҷамъомади тамринӣ дар Туркия аст.
Қаблан мунтахаби кишвар бар тими "Фремад Амагер"-и Дания (2:1) пирӯз шуда буд. Қабл аз он як бозиро бо тими "Ворскла"-и Украина мусовӣ (0:0) анҷом дода буд.
Рӯзи 19 феврал шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар ҷамъомади тамринии Анталия бозии чаҳоруми санҷишии худро анҷом медиҳанд. Ин дафъа рақиби даста тими эҳтиётии Самара "Крылья Советы" мешавад.
Лентаи хабарҳо
0