Тилою нуқраро дар Бозиҳои олимпии Пекин лижаронҳои Русия гирифтанд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкОлимпиада-2022. Лыжные гонки. Мужчины. Масс-старт
Олимпиада-2022. Лыжные гонки. Мужчины. Масс-старт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Обуна шудан
Дар хазинаи олимпии тими мунтахаби Русия феълан 29 медал ҷамъ оварда шудааст
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Лижарони русиягӣ Александр Болшунов дар Бозиҳои олимпии Пекин медали тило гирифт.
Варзишкори рус дар мусобиқаи гурӯҳӣ ба масофаи 28,4 кам пирӯз гардид. Фосила ба далоили обуҳаво аз 50 то ба 28,4 км кам карда шуд.
Ин аллакай сеюмин медали Болшунов дар Бозиҳои олимпии Пекин мебошад. Ҳамин тариқ ӯ қаҳрамони секаратаи олимпии соли 2022 гардид.
Мақоми дуюмро низ намояндаи Русия Иван Якумушкин соҳиб гардид. Болшунов фосиларо тайи 1 соату 11 дақиқаву 32,7 сония тай намуд, ки нисбати Якимушкин ҳамагӣ 5,5 сония пештар мебошад.
Председатель комитета по делам молодежи и спорта Таджикистана Абдулло Рахмонзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
"Парвоз набуд": Раҳмонзода гуфт, чаро Тоҷикистон аз Бозиҳои олимпӣ дар Пекин канор монд
Медали биринҷиро лижарони норвежӣ Симен Хегстад Крюгер соҳиб шуд, ки аз рақиби русиягияш 7 сония ақиб монд. Дар натиҷа тими мунтахаби Русия дар радаи медалдорҳои Бозиҳои олимпии Пекин аз мақоми 9-ум ба 8-ум пеш омад.
Феълан дар хазинаи олимпии тими Русия 6 медали тило, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ ҷой доранд. Аз рӯи шумораи умумӣ Русия бо 29 медал баъди Норвегия, ки 35 медал дорад, дар зинаи дуюм ҷой гирифтааст.
Тими мунтахаби Русия рекорди қаблияшро дар бозиҳои зимистона такрор кард. Маврид ба зикр аст, ки дар Бозиҳои олимпии соли 1988 дар Калгария тими Иттиҳоди Шӯравӣ 29 ва ба ҳамин миқдор дастаи Русия дар Сочӣ медал ба даст оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0