Эълони омори муътодон дар Тоҷикистон: нашъа зиёд ошкору нашъаманд кам шудааст

© Sputnik / Олег Золото / Гузариш ба медиабонкНаркотики, архивное фото
Наркотики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон аз мусодираи зиёди маводи мухаддир, аммо дар ҳамин ҳол аз коҳиши теъдоди нашъамандон гузориш доданд
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Агентии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, шумораи нашъамандони дар қайди расмибуда дар соли 2021 ба 4749 нафар мерасад.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда дар баробари соли қабл 350 нафар коҳиш ёфтааст. Соли 2020 теъдоди нашъамандон дар кишвар ба 5099 нафар мерасид.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 51 нашъаманд рост меояд, ки он назар ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хело поин мебошад.
Ҳолатҳои муътодӣ дар кишвар миёни занон низ ба мушоҳида мерасад, ки теъдоди онҳо ҳудуди 100 нафар гуфта мешавад.
Дар мавриди синну соли нашъамандон бошад, онҳо аслан ҷавонони аз 35 то 50-сола мебошанд.
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон баъди қудратгирии толибҳо дар Афғонистон
Оҷонсӣ мегӯяд, дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаву 83 кило маводи нашъаовар мусодира карда шуд, ки дар қиёс бо соли 2020 (2,4 тонна) 68,4 фоиз ё 1 тоннаву 658 кило зиёдтар мебошад.
Соли 2021 дар муқоиса ба соли 2020 мусодираи маводи нашъаовари героин 2,1 баробар зиёд ва афюн 24,7 фоиз коҳиш ёфта, мусодираи ҳашиш мутаносибан 2,3 баробар афзоиш ва бангдона 10,4 фоиз коҳиш ёфтааст.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда 707 (2020-700) ҷиноят марбут ба маводи нашъадор мебошанд, ки дар қиёс бо соли 2020 1 фоиз ё 7 ҷиноят зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0