Қимати бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

© ФФТМатч Таджикистан-Таиланд
Матч Таджикистан-Таиланд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Обуна шудан
Таҳлилгарони олмонӣ омори мунтазами хароҷоти умумии футболбозони бошгоҳҳои Тоҷикистонро навсозӣ кардаанд. Чемпионат аз ҳисоби интиқолҳо ва "навомадагон" арзон шуд
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Маълумот дар бораи арзиши интиқоли бозигарон аз чемпионатҳои гуногуни миллӣ навсозӣ шуд. Ин омор дар портали "Transfermarkt.de" нашр гардид.
Тибқи ин гузориш, дар нархи умумии дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон тағйироти чашмрасро мушоҳида кардан мумкин аст.
Аммо бояд гуфт, ки ҳарчанд тамоми бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон дар маълумоти портал ҳастанд, вале на ҳамаи бозигаронашон мавриди баҳогузориҳо қарор гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол арзиши тамоми Лигаи олии Тоҷикистон дар муқоиса бо рейтинги қаблии нархҳо поин рафтааст.
Андрей Левковец  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Легионери беларусӣ ба дастаи футболи "Хуҷанд" гузашт
Тибқи маълумоти ахир, барои пурра "харидан"-и чемпионати Тоҷикистон 19,7 миллион евро лозим аст. Қаблан арзиши умумии бошгоҳҳои тоҷикӣ 20,7 миллион буд.
Ҳамин тавр ҳоло таҳлилгарони олмонӣ арзиши 10 тими Лигаи олии Тоҷикистонро тахмин мезананд. Аммо гарчанде дар рейтинг аллакай 2 тиме, ки ба ҷои дастаҳои аз лигаи якумафтода дохил шуда бошад ҳам, ҳайати онҳо пурра ба назар гирифта нашудааст.
Дар ҳоли ҳозир "Истиқлол" гаронарзиштарин даста боқӣ мемонад: бозигарони ин бошгоҳ дар маҷмуъ 3,4 миллион евро (қаблан он 4,78 миллион арзиш дошт) арзёбӣ мешаванд.
"Хучанд" ба зинаи дуюм баромад. Клуб 3,1 миллион арзиш дорад, дар ҳоле ки қаблан он 2,73 миллион евро баҳогузорӣ шуда буд.
Савум "Истаравшан" аст, ки дар радабандӣ як зинаро аз даст дод. Дар ҳоли ҳозир арзиши умумии бозигарон 2,93 миллион евроро ташкил медиҳад ва қаблан он тақрибан 2,6 миллион буд.
Игроки Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Рақибони "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО маълум шуданд
"Равшан"-и Кӯлоб ба зинаи чорум баромад – ҳоло ин тим 2 миллиону 170 миллион евро арзиш дорад, қаблан нархи ҳамаи бозигарони он ҳудуди 2,5 миллион евро муқаррар шуда буд.
Панҷгонаи беҳтаринро аз рӯи арзиш "Файзканд" хотима медиҳад, ки таҳлилгарон онро 1,97 миллион арзёбӣ карданд, ҳарчанд қаблан тамоми даста 2,21 миллион евро қимат дошт.
"Хатлон" ба зинаи шашум фаромад – 1,91 (он – 2,17 миллион евро), баъдан дар феҳрист ССКА бо арзиши 1,90 миллион (қаблан 1,97 миллион) ва "Эсхата" — 1,61 миллион (қаблан — 1,76 миллион) қарор гирифтаанд.
Клуби футболи "Регар-ТадАЗ"-и тоҷик дар маҷмуъ 725 ҳазор евро арзёбӣ мешавад ва коршиносони олмонӣ "Равшан"-и Зафарободро умуман баҳогузорӣ карда натавонистаанд.
Лентаи хабарҳо
0