Лагерҳои муваққатӣ барои кӯдакон ва занону пирон аз Донбасс - видео

Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати ҳолатҳои фавқулодمаи Русия барои гурезагон аз Донбасс урдӯгоҳҳои муваққатӣ ташкил додааст
Дар вилояти Ростов лагерҳои муваққатӣ барои сокинони ҶХД ва ҶХЛ созмон дода шуд.
Субҳи якшанбе дар шаҳри Ростови лаби Дон ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳолатҳои изтирорӣ дар умури паноҳандагон аз ин ду ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, бисту шаш минтақа барои қабули гурезагон омодаанд.
Қаблан раҳбарияти ҶХД ва ҶХЛ аз кӯчидани муваққати шаҳрвандон ба вилояти Ростов дар робита ба таҳдиди Киев хабар дода буданд. Пеш аз ҳама занон, кӯдакон ва пиронсолон кӯчонида мешаванд.
Дар Донбасс чӣ мегузарад: вазъияти субҳи рӯзи якшанбе
Интизор меравад, раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба зудӣ ба низомиён амр диҳад, ки ҳамла Донбассро оғоз кунанд.
"Нақшаи ҳамла ба қаламрави ҶХД ва ҶХЛ-ро амалӣ кунанд", - гуфт раиси Денис Пушилин.
Бегоҳи шанбе роҳбарони ин ду ҷумҳурӣ дар бораи басичи умумӣ дар ҶХД ва ҶХЛ қарор имзо карданд.
Лентаи хабарҳо
0