Мақомоти Хуҷанд ташвиқи ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳро афзоиш медиҳанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВооруженные силы Таджикистана на военном параде в Дарвозском районе
Вооруженные силы Таджикистана на военном параде в Дарвозском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Ситоди даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Дар ҷаласаи мазкур таъкид шуд, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ навскарон 101 дарсад иҷро гардид.
Барои иҷрои вазифаҳои омодагӣ ба даъвати баҳорӣ ситод панҷ бор ҷаласа баргузор кард ва масъулин баҳри иҷрои қарорҳои қабулшуда муваззаф гардиданд.

“Алҳол дар Мактаби ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд 38 нафар ҷавони синни даъватӣ барои соҳибкасб гардидан ба курси ронандагӣ ҷалб гардида, баъди гирифтани тахассус ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд”, - қайд карда шудааст дар ин ҷаласа.

Дар ин ҷаласа Даврон Зоҳидзода, муовини раиси вилояти Суғд, ки иштирок дошт, аз масъулин дар ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилоят дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хидмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2022 суол карда, барои иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2022 эшонро вазифадор кард.
Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Дастури раиси Мастчоҳ ба кормандонаш: Аввал фарзандони худро ба артиш фиристед
Таъкид шуд, ки омодагиҳо дар ин самт тақвият ва барнома пеш аз муҳлат иҷро мешавад.
Дар ҷаласа раиси шаҳри Хучанд Фирдавс Шарифзода барои ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи даъват, бахусус дар самти бақайдгирии шаҳрвандони синни даъват, ҷалби муҳассилин ба мактаби муттаҳидаи техникии ҷамъияти Ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон аз раисони маҳаллаҳо, шуъбаҳои кор бо занон, робита бо ҷомеа, ҷавонон ва варзиш ва дигарон даъват шуд, ки ҳамоҳангиро бо комиссияи даъвати ҳарбӣ, бахусус комиссирати ҳарбӣ ба роҳ монда, бо роҳандозии ташвиқ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон баҳри иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ мусоидат намоянд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки барои ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои имконпазир амалӣ гардида, ҳузури онҳо бар иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи ҳифзи истиқлоли давлатӣ, манфиатҳои миллату давлат, таъмини сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандон таъкид намудааст.
Лентаи хабарҳо
0