Ширкати S&P рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро “устувор” арзёбӣ кард

© Sputnik / Виталий БелоусовЛоготип компании Standard & Poor's,
Логотип компании Standard & Poor's, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ширкати S&P рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро дар сатҳи "устувор" тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Агентии байналмилалии “Standard & Poor’s” рейтингҳои дарозмуҳлат ва кӯтоҳмуҳлати Тоҷикистонро аз рӯйи уҳдадориҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ ва миллӣ дар сатҳи “B-/B” тасдиқ кард, иттилоъ додааст пойгоҳи FINMARKET.RU.
Тибқи иттилои манбаъ, аз рейтинги мазкур бармеояд, ки кишвар пардохтпазир аст, лекин шароити номусоиди иқтисодӣ ба имкони пардохтҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Ба иттилои манбаъ, дурнамои тағйири рейтингҳо “устувор” аст.

"Мо метавонем рейтинги Тоҷикистонро дар сурати фишор ба тавонмандии ҳукумат барои пардохти уҳдадориҳои қарзи худ, масалан дар натиҷаи афзоиши якбораи касри буҷет поин барем. Мо инчунин метавонем рейтинги давлатиро дар сурати афзоиши якбораи мизони қарзи хориҷии кишвар ё афзоиши хавфҳои геополитикӣ поин бубарем”, - омадааст дар варақаи иттилоотии S&P.

Ҳамзамон коршиносони S&P қайд кардаанд, ки рейтинг метавонад дар сурати беҳбуди нишондодҳо ва нишондиҳандаҳои тавозуни пардохти Тоҷикистон боло бурда шавад, ки ин аз коҳиши якбораи суръати афзоиши қарзи давлатӣ ва устувории нишондиҳандаҳои иқтисодии берунӣ шаҳодат медиҳад.
Парк Исмаила Самани   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Таҳримҳои зидди Русия метавонад ба Тоҷикистон зарбаи сахт расонад
“Баланд бардоштани сифати иттилооти макроиқтисодӣ, бахусус дар муқоиса ба дастрас будан ва саривақтии он рейтинги соҳибихтиёрро нигоҳ медорад”, - қайд шудааст дар варақаи иттилоотӣ.
"Standard & Poor’s" ба панҷгонаи агентиҳои маъруфи рейтингии ҷаҳон шомил аст. Ин ташкилот бар асоси созишномаи дуҷониба ҳамасола ба муайян кардани рейтинги мустақили қарзии Тоҷикистон машғул мебошад.
Бар асоси созишнома, агентӣ вазъ дар иқтисод ва сатҳи бехатарии иқтисоди кишварро арзёбӣ мекунад. Гузориши таҳлилии агентӣ оид ба рейтинги додашуда дар робита ба ҷалби сармояи хориҷӣ истифода шуда, дастрасии кишварро ба бозорҳои байналмилалии молӣ боз мекунад.
Лентаи хабарҳо
0