Дар Сахарово барои бархе аз муҳоҷирон даромадгоҳи иловагӣ боз шуд

© Sputnik / Максим БлиновПосетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахарово
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахарово - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Бинобар навбатпоиҳои тӯлонӣ дар Маркази муҳоҷирати чандманзураи Сахарово як даромадгоҳи дигар боз шуд, вале он на барои убури ҳамаи муҳоҷирон аст
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба хотири коҳиши навбатпоии муҳоҷирони корӣ дар маркази Сахаровои Маскав тасмим гирифта шуд, ки даромадгоҳи алоҳида боз шавад.
Феълан он танҳо барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё фаъол хоҳад буд. Ин маънои онро дорад, ки хориҷиён аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон метавонанд аз он истифода кунанд.
Маълум аст, ки даромадгоҳи алоҳидаи "А2" аз 19 феврали соли 2022 фаъолият мекунад.
Полиция выявляет нелегальных мигрантов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Зиндагии берун аз қонун. Чаро муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд?
Ҳамин тариқ ин тадбир барои коҳиши навбатпоӣ дар даромадгоҳ, ки қаблан муҳоҷирони зиёдеро бо мушкил рӯ ба рӯ мекард, кумак хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки аз соли ҷорӣ дар Русия муоинаи ҳатмии тиббӣ барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё ҷорӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0