Дар Тоҷикистон афзоиши коронавирус ба қайд гирифта шуд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкВ России разработан первый тест на выявление британского штамма COVID-19
В России разработан первый тест на выявление британского штамма COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Пас аз ду рӯзи набудани ҳолатҳои сироят омори КОВИД дар кишвар дубора боло рафт
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар рӯзҳои истироҳати гузашта дар Тоҷикистон 3 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора омори навшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар шаҳодат медиҳад.
Илова бар ин 3 сокини ҷумҳурӣ аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Дар давоми ду рӯз ҳич мавриди марг аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмуъ, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17 388 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Бар асари ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17252 нафар аз сокинони кишвар шифо ёфтаанд.
Мавориди нави сироятёбӣ дар ҷумҳурӣ аз 20 ноябри соли 2021 расман ба қайд гирифта нашуда буд, аммо сар аз 21 январи соли 2022 коронавирус дигарбора дар кишвар пайдо шуд.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа омори Вазорати тандурустӣ дар бораи гирифторон ба ин вирус ба сифр расида буд.
Третья волна коронавируса в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: маълумоти дақиқ
Ҳамин тариқ бори аввал аз моҳи январи соли 2022, дар тӯли ду рӯз пайиҳам, ин ниҳоди кишвар ҳам ҳолоти гирифторӣ ва шифо аз COVID-19-ро сабт накард.
19 феврали соли ҷорӣ аз афзоиши ҳолоти гирифторӣ хабар доданд: дар ҷумҳурӣ 3 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуд ва 20 феврал ба ҳамин теъдод шаҳрвандон шифо ёфтанд.
Дар пасманзари мавҷи сеюми бемории COVID-19 дар Тоҷикистон эмкунӣ алайҳи ин вирус идома дорад.
Ба гуфтаи сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров, шумори сокиноне, ки бо моякӯбии дувуми доруи зидди коронавирус фаро гирифта шудаанд, рӯз то рӯз меафзояд.
"Нишондиҳандаҳо хубанд. Реваксинатсия низ оғоз шудааст. Мардум худашон ба марказҳои эмгузаронӣ мераванд", - гуфт Ҷаъфаров дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "МИР 24" .
Лентаи хабарҳо
0