Барканории Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид ва нозири №1-и маориф

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонШоҳин Саидзода, раиси Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди раисиҷумҳури Тоҷикистон
Шоҳин Саидзода, раиси Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Сабаби барканории раҳбари агентӣ гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад, аммо дақиқ нест, ки ба кадом кор гузаштааст
ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Шоҳин Саидзода низ дар идомаи тағйироти кадрӣ аз вазифаи раиси Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди раисҷумҳури Тоҷикистон барканор шуд.
Бино ба итилои дарёфтӣ, вай дар пайи як фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи қаблиаш озод шудааст.
Як манбаъ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хабари барканории ӯ дақиқ аст, аммо кӣ ба ҷои ӯ хоҳад омад, маълум нест.
Тафсилоти тағйироти кадрӣ: Аз гумрук то маорифу ҷавонон ва палатаи ҳисоб
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки Саидзода ба кори дигар гузаштааст, аммо то кунун маълум нест, ки ба куҷо ба кор меравад.

“То ба ҳол ҳеҷ кас аз ҳукумат ё дастгоҳи президент барои баргузории маросими муаррифӣ ва гусел наомадааст”, - гуфт манбаъ.

Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид, вазири асбақи маориф ва раиси феълии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон моҳи марти соли 2020 ба вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.
Ӯ дар синни 36-солагӣ ба ин мансаб расид.
Номи Саидзода Шоҳин қаблан ба далели зикри номаш дар "Диссернет" бо иттиҳоми асардуздӣ расонаӣ шуда буд. Ӯ ба роҳбарии ниҳоде таъйин гардида буд, ки назорати бахши маорифро ба уҳда дошт.
Лентаи хабарҳо
0