Ҷузъиёти сӯхтор дар Қубодиён: аз ҷароҳати 13 нафар то зарари ҳафт мошини сабукрав

© Пресс-служба отделения МВД в РТВзрыв на заправке в Кубодиёнском районе РТ
Взрыв на заправке в Кубодиёнском районе РТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Ҳоло хисороти умумии сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳисобида нашудааст. Танҳо зикр гардид, ки 13 нафар дар ин ҳодиса ҷароҳатдор шуда, ҳамчунин ҳафт василаи нақлия хароб шудааст
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ҷузъиёти сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён маълум шуд.
Бино бар иттилои Парвина Гулова, намояндаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, оташсӯзӣ рӯзи 21-уми феврал, соати 15:04-дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ "Ориё нафт", воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиён сар задааст.
"Сабаби сӯхтор таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ мебошад", - шарҳ додааст Гулова.
Гуфта мешавад, барои хомӯш кардани ин сӯхтор ба ҷойи ҳодиса 6 мошини обпош ҳидоят шудааст. Масоҳати умумии сӯхтор тақрибан 280 метри мураббаъро ташкил додааст.
Машина пожарной службы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Сӯхтори шадид дар Қубодиён: теъдоди захмиён афзоиш меёбад - видео
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи сӯхтор 13 нафар ҷароҳат бардоштанд, яъне сӯхтанд ва низ 7 мошин садама дидааст. Ҳамчунин 2 гов низ тайи ин оташсӯзӣ талаф шудааст.
Феълан аз тарафи коршиносон таҳқиқи ҳодиса идома дошта, сабаб, омил ва зарари пурраи он муайян карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0