Коҳиши тиҷорати миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқиша ва марзбандӣ

На овощебазе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Масъулони идораи омори Суғд гуфтанд, ки давоми як соли охир ҳаҷми содироту воридоти мол миёни ин вилояти Тоҷикистон бо Қирғизистон чӣ қадар коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 фев – Sputnik. Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Раёсати омор дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ сабаби камшавии гардиши савдо миёни ин вилоят бо Қирғизистонро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, гардиши молу маҳсулоте, ки аз Суғд ба Қирғизистон содир ва аз ин кишвар ба ин вилояти Тоҷикистон ворид мешавад, давоми соли гузашта, дар пайи муноқишаи марзӣ ва басташавии марзҳо чӣ қадар коҳиш ёфт.

Коҳиши содироти мол

Масъулин зимни нишасти матбуотӣ қайд карданд, ки содироти мол 43 дарсад коҳиш ёфтааст.

“Барои мисол, содироти пиёз 1815, ангур 142, олуча, гелос, зардолу, шафтолу 1845 тонна нисбат ба соли 2020 аз Суғд ба Қирғизистон кам содир шудааст” – гуфт сардори Идораи омор.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дигар намуди нишондиҳандаҳои содиротӣ, аз ҷумла интиқоли қувваи барқ, доруворӣ, маҳсулоти пластикӣ, равуои автомобилҳои боркаш, содироти дучархаҳо, аробачаҳои бачагона, мебел ва қисмҳои он низ коҳиш ёфтааст.

Коҳиши воридот

Сардори Раёсати омор дар вилояти Суғд дар бораи кам шудани воридоти 56,8-дарсадии мол аз ин кишвар ба Тоҷикистон низ ишора кард.
Переговоры Таджикистана и Кыргызстана по границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Аз роҳбарон то ҷавонону мӯйсафедон: мулоқоти ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ шуд
Сардори идораи омор таъкид намуд, ки дар ин давра коҳиши ҳаҷми молҳои воридотӣ аз Қирғизистон назар ба содирот дида бештар будааст.

“Барои мисол, тухми офтобпараст 1046, маҳсулотҳои қаннодӣ ва макаронӣ 868, ангишт 10,5 ҳазор, нафти хом 6177, маҳсулоти нафтӣ 100144, нуриҳои минералӣ 6111, воситаҳои шустушӯӣ 650 тон, чӯбу тахта 100545 тонна кам ворид шудааст” - гуфт Накҳатзода.

Бар пояи маълумоти оморӣ, соли 2021 ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти Суғд ва Қирғизистон дар маҷмуъ 25, 1 миллион долларро ташкил намудааст, ки аз ин 3,3 миллион доллар ба содирот ва 21, 8 миллион доллари дигар ба воридот рост меояд.
Дар ин давра коҳиши содирот нисбат ба як соли қаблӣ 43% ва дар мисоли воридот 56, 8% гуфта мешавад.
Дар ҳамин ҳол масъулони идораи омори Суғд дар бораи афзоиши гардиши мол миёни вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар доданд.
Переговоры рабочей группы по демаркации границы между РТ и КР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Оғози кори гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон
Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти Суғди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон давоми соли 2021 ба 207,7 миллион доллар баробар шудааст. Ҳиссаи содирот 63% ва воридот 144% муҳосиба шудааст.
Содирот нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 114,7% зиёд шудааст.
Дар умум нисбат ба соли гузашта ҳаҷми гардиши савдо миёни Суғди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 1,5 баробар бештар шудааст.
Суғд аз вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Деваштиҷи Суғд бо шаҳру навоҳии Қирғизистон марзи муштарак доранд.
Танишу созиши апрелӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Қирғизистон шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро боздошт кард
Теъдоди қурбониён аз ҳарду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Муноқишаи январӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннӯҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистонто 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар инкишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Зас: Тоҷикистону Қирғизистон қодиранд, масъалаи марзиро мустақилона ҳал кунанд
Баъдан Қирғизистонва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ва техника ба ҷойҳои мустақар ба мувофиқа расиданд.
Аз моҳи май ба ин тараф ҷониби Қирғизистон яктарафа марзаш бо Тоҷикистонро баст.
Рӯзи 19 феврал дар марзи миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак зери роҳбарии раисони ин ду ноҳия аз ҳар ду ҷониб мардум сари як дастархон ҳамроҳ бо ҳам нишастанд ва “оши оштӣ” хӯрданд.
Дар ин дидори деринтизор, ки умдатан мӯйсафедони ҳар ду ҷониб изҳор кардаанд, ки сулҳу дӯстӣ барқарор гардад ва марзҳо боз шаванд.
“Дар як соли ахир, ки марзҳо баста аст ин ҳол мардумро, яъне онҳоро рӯҳафтода кардааст”, - изҳор намудаанд муйсафедон.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Феълан вазъи марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ором аст.
Рӯзи 7 феврал Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз ба кори худ шурӯъ кард.
Лентаи хабарҳо
0