Нигаронии Покистон аз ҳузури террористҳои хориҷӣ дар Афғонистон

© Аз саҳифаи твиттери Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи созмони мамнӯи "Толибон"Нерӯҳои махсуси "Толибон", созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар, ки ба вилояти Тахор фиристода шудаанд
Нерӯҳои махсуси Толибон, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар, ки ба вилояти Тахор фиристода шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Сафири Покистон дар Кобул аз ҳузури гурӯҳҳои ҳаросафгани хориҷӣ дар Афғонистон нигарон аст
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Сафири Покистон дар Афғонистон Мансур Аҳмадхон гуфт, ҳузури гурӯҳҳои террористии хориҷӣ барои Покистон хатар дорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории "TOLOnews".

“Созмонҳои террористӣ дар Афғонистон ба амнияти он ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Покистон таҳдид мекунанд”, - гуфт сафири Покистон дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон.

Мансур Аҳмадхон дар мусоҳиба илова кард, ки ДИИШ* дар Афғонистон ҳузур дорад.
Ҳамчунон вай гуфт, шояд боқимондаи гурӯҳи "Ал-қоида" ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳам дар кишвар ҳузур дошта бошанд.
Дар ин мусоҳиба сафири Покистон дар Кобул аз Таҳрики толибони Покистон (ТТП), шӯришиёни балуч ва бисёре аз гурӯҳҳои дигар, ки ба гуфтаи ӯ, дар Афғонистон ҳузур доранд, ёдовар шуд.
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Мушовири пешини Шӯрои амнияти Афғонистон: Бозгашти Ашраф Ғанӣ овоза аст
Роҳбарони имрӯзаи Афғонистон то ҳол дар робита ба ин масъала изҳори назар накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки толибҳо борҳо маълумот дар бораи ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро рад карданд. Онҳо борҳо гуфтанд, қаламрави Афғонистон алайҳи ҳеҷ кишваре истифода нахоҳад шуд.
Танишҳо миёни Кобул ва Исломобод дар моҳҳои ахир бар сари хатти Дюранд бори дигар авҷ гирифтааст. Мақомоти Покистон пофишорӣ доранд, ки барқарории симхор дар марз ба анҷом расад, аммо Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон дар мусоҳибаи ахири худ гуфт, то кунун ба идомаи эҳсоркашӣ дар имтидоди хатти Дюранд иҷоза надодаанд.
*- гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия
Лентаи хабарҳо
0