Ноиби вазири хориҷии Русия шарти эътирофи толибҳоро гуфт

© Sputnik / Максим БлиновОлег Сыромолотов, заместитель министра иностранных дел РФ
Олег Сыромолотов, заместитель министра иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Русия мавқеашро дар мавриди лағви номи толибон аз феҳрасти террористӣ баён дошт
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Олег Сиромолотов, муовини вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, Маскав дар робита ба лағви толибон аз феҳрасти террористҳо ва эътирофи ҳукумати нав дар Афғонистон шитоб намекунад.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли муовини вазири умури хориҷии Русия хабар додаст.

"Мо дар робита ба хориҷ кардани толибон аз феҳрасти созмонҳои террористӣ ва ҳамчунин дар эътирофи ҳукумати нави Афғонистон шитоб намекунем", - изҳор доштааст Сиромолотов.

Ӯ тавзеҳ додааст, ки Русия дар ин хусус ба иқдоми амалии ҳукуматдорони нави Афғонистон ва қарорҳои дахлдори Шӯрои амнияти СММ такя мекунад.
Дипломат зикр намудааст, ки айни ҳол толибҳо аз "анҷоми амалиёти ҷангӣ, афви нерӯҳои ҳукуматию мақомдорон ва ҳамкорони нерӯҳои НАТО, ҳамчунин азми риояи ҳуқуқи занон" гузориш медиҳанд.
Армия талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
“Ҳич чиз надорад”: дивизияи нави толибҳо дар Бадахшон
"Изҳороти толибҳоро дар мавриди он ки намегузоранд, қаламрави Афғонистон зидди кишварҳои сеюм истифода шавад, муҳим медонем", - таъкид намуд ноиби вазири умури хориҷӣ.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо нимаи августи соли гузашта ҳукумат дар Афғонистонро ғасб намуданд. Президент Ашраф Ғанӣ ба хориҷ фирор карда, феълан дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0