Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Президент директори Маркази милии тестӣ ва муовинонашро барканор кард

© Sputnik Амир ИсаевИкроми Хуршед Икром директор центра тестирования, архивное фото
Икроми Хуршед Икром директор центра тестирования, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф тағйироти бузургӣ кадрӣ гузаронд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тағйироти кадрие, ки рӯзи 21 феврал аз сӯйи кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, бештар бахши маорифро фаро гирифт.
Бо фармони президент директори Маркази миллии тестӣ низ аз вазифа сабукдӯш шуд. Котиботи роҳбари давлат матни фармони барканории Икромӣ Хуршедро нашр намудааст, ки дар он омадааст:
"Икромӣ Хуршед Икром бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Маркази миллии тестии назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад".
Бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ба курсии Икромӣ Хуршед такя зад. Номбурда то ин дам муовини якуми директори ММТ буд.
Зимнан муовини дигари директори Маркази миллии тестӣ низ аз вазифа сабукдӯш шуд.
Шоҳин Саидзода, раиси Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Барканории Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид ва нозири №1-и маориф
Тибқи фармони роҳбари давлат, Раҳмонзода Маҳмадалӣ Наим аз вазифаи муовини директори Маркази миллии тестӣ озод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестӣ соли 2014 таъсис ёфта, мақсади асосии он шаффоф гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ мебошад.
Аммо шаффофияти ин марказ борҳо зери шубҳа қарор гирифт. Директори ҳамакнун барканоршудаи ин марказ чанд сол пеш гуфта буд, ки шикоятҳои ба марказ воридшуда асос надоранд.
Лентаи хабарҳо
0