Путину Макрон шабона такроран суҳбат карданд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Франции Эммануэль Макрон
Президент РФ Владимир Путин и президент Франции Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Суҳбати телефонии такрории роҳбарони Фаронса ва Русия беш аз як соат идома ёфт
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои фаронсавияш, Эммануэл Макрон боз суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия иттилоъ дод, ки суҳбат бо хоҳиши ҷониби Фаронса ними шаб баргузор гардид. Президентҳо инчунин рӯзи якшанбеи 20 феврал низ гуфтугӯ доштанд.

"Шаби гузашта, тақрибан соати 1:00 бо ташаббуси Макрон суҳбати телефонии дуюм сурат гирифт. Президентҳо музокирот атрофи Украинаро идома доданд", - навиштааст РИА "Новости" аз қавли намояндаи Кремл.

Ба гуфтаи Песков, роҳбарон махсусан ба зарурати муколама аз тариқи вазоратҳои умури хориҷӣ таъкид намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Путину Макрон рӯзи якшанбе низ наздики 2 соат суҳбат доштанд, навиштаанд расонаҳои фаронсавӣ. Тавофуқ шудааст, ки мулоқоти сеҷонибаи гурӯҳи корӣ дар мавриди Украина дар Қасри Елисей баргузор гардад.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина наздики 8 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
 Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Песков: Дар Русия намехоҳад ҳатто калимаи “ҷанг”-ро ба забон оранд
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ мекунад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0