Тоҷикистонӣ дар Петербург тирпаронӣ карду боздошт шуд

© PixabayПистолет
Пистолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як зодаи Тоҷикистон аз дохили мошин ба ҳаво тир холӣ кард ва аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд, ки ба тарафи соҳили Синопская тир кушод, хабар медиҳад котиботи Вазорати корҳои дохилии Русия.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ як шоҳиди ҳодиса навор нашр намуд. Аз навор маълум аст, ки аз дохили мошини "Nissan Almera", ки ба сӯйи канали Обводний ҳаракат дошт, яке аз мусофирон ба ҳаво тир холӣ кард.
Шоҳиди ин ҳодиса фавран ба кормандони милиса хабар расонд ва дар кӯтоҳтарин фурсат мусофире, ки тирпаронӣ кард, боздошт шуд. Нахуст мошинро дар кӯчаи Салова пайдо карданд ва таппонча ҳам дар дохили мошин қарор дошт. Кормандони милиса силоҳро барои тафтишот бо худ бурданд.
Полицейские и пассажир на станции метро Новокузнецкая в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Ду тоҷикистоние, ки дар метро пулисро заданд, бародаранд: падарашон дархости кумак кард
Баъдан, мусофири 35-солаеро низ дастгир намуданд ва ӯ иқрор шуд, ки ҳамроҳи чанд рафиқаш тӯй мерафтанд.
Амали худро шаҳрванди Тоҷикистон ба расму русум рабт дод, вале дар Тоҷикистон дар тӯйҳо ба ҳаво тир холӣ кардан, анъана нест.
Ҳамин тариқ нисбати шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон, тибқи моддаи 213, қисми 2, Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0