Латукӯби пешхидмат ва муҳофизи дискоклуби "Панҷшер" аз ҷониби мизоҷон

В ночном клубе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
Ду мизоҷи ҷавони маркази дилхушии "Панҷшер" дар латукӯби пешхидмату муҳофизи ин муассиса муттаҳам мешаванд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Маъмурини милиса дар шаҳри Бохтар ду ҷавони 25 ва 23-соларо бо иттиҳоми авбошӣ боздошт кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, муттаҳамон шаби 20 феврал дар ҳолати мастӣ дар бинои маркази дилхушии "Панҷшер", дар шаҳри Бохтар ба пешхидмат дарафтодаанд.Таъкид шудаст, ки яке аз ин ҷавонон бе ягон асос ба пушти пешхидмат зарба задаст.
Муҳофизи муассиса, ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён барои садди роҳи бетартибӣ шудан ба қазия дахолат кардааст. Аммо яке аз ҷавонон бо муҳофиз даст ба гиребон шуда, бо шишапораи шикаста як бор ба рони пои рости муҳофиз задааст, афзуд ВУД.
"Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар иттилоия.
ВУД таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Дискотека в ночном клубе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Дискотекаравии раиси Кумитаи ҷавонон: фаҳшу фуҷуре надидам, толор торик, ҳама дар ҷояш
Ин дар ҳолест, ки фаъолияти марказҳои дилхушӣ ва афзудани теъдодашон дар Тоҷикистон бархе аз шаҳрвандонро нигарон кардааст. Мухолифини чунин муассисаҳо муътақиданд, ки онҳо ахлоқи насли ҷавонро коста мегардонанд.
Ахиран Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон гуфт, дар ҷомеаи суннатии кишвар бисёре бо шунидани номи дискотека фаҳшу фуҷурро мефаҳманд.
Раҳмонзода ба ин суол, ки оё афзоиши чунин муассисаҳо ба ахлоқи ҷавонон таъсире надорад, посух дод, ки ҷомеа дунявист ва фаъолияти чунин муассисаҳо на хилофи қонун асту на хилофи арзишҳои миллӣ.
"Дар ҷомеи озод зиндагӣ мекунем, ҳамаро дискотека ё ҳамаро ба масҷид бурда намешавад. Хоҳӣ, масҷид рав, хоҳӣ, дискотека, хоҳӣ, китобхона, хоҳӣ, тарабхона. Давлат шароит фароҳам овардаст", - хитоб намуд Раҳмонзода.
Раиси кумита изҳор дошт, ки дар будани дискотекаҳо зуҳуроти манфиеро намебинад, ки ниёз ба ҷилавгирӣ аз фаъолияти онҳо бошад. "Нахоҳӣ, нарав", - афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0