Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Le Firago": Заъфи Аврупо Русияро маҷбур кард, ки ҶХД ва ҶХЛ-ро эътироф кунад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкЖители Донецка и Луганска празднуют признание Россией ДНР и ЛНР
Жители Донецка и Луганска празднуют признание Россией ДНР и ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Хонандагони рӯзномаи машҳури фаронсавии "Le Firago" дар мавриди эътироф шудани ҶХД ва ҶХЛ аз сӯйи Маскав фикру мулоҳизаҳои худро баён намудаанд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Фаронсавиҳо карори Русияро дар бораи ба расмият шинохтани истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ дастгирӣ карданд. Дар ин бора шарҳҳои хонандагони Le Figaro шаҳодат медиҳанд.
Ба гуфтаи онҳо, барои тезутунд шудани вазъият ИМА ва Аврупо масъуланд. Фаронсавиҳо иқрор шуданд, ки амалиёти НАТО барои Маскав роҳи дигаре боқӣ намонд.

"Ваҳшонияти Амрико ва беқувватии Аврупо ба ин натиҷа оварда расонд", - гуфтааст яке аз шореҳон.

Дуюмӣ пай бурд, ки майдан барои Донбасс фалокат аст. Аксари мардум ба далели Қонун дар бораи қабули забони украинӣ ба унвони ягона забони расмӣ "аз ҷомеа хориҷ шуданд".
"Онҳо мухторият дархост карданд, вале бо тир ба онҳо ҷавоб доданд", - илова намуд хонандаи дигари ин рӯзнома.
Шореҳон қайд карданд, ки Иёлоти Муттаҳида ба марзи Русия наздик шуда, ҳадафашон он аст, ки Аврупои заифро зери назорат нигоҳ дорад ва газро дар он ҷо таъмин кунад.
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин дар бораи хатари мушакҳои Амрико дар Украина: То 4 дақиқа ба Маскав мерасанд
"Путин танҳо як дархост дошт, ки Украинаро ба ҳоли худ гузоранд. Амрикоиҳо ҳоло даст молида истодаанд, аммо мо медонем, ки ин гуна иғвоҳо одатан чӣ гуна анҷом меёбанд", - навиштааст хонандаи дигаре рӯзнома.
Ба қавли ӯ, Ғарб дидаю дониста "саҳнаи ҳаҷвӣ" бозид, то сарварони худро шод кунад.
НАТО қасдан аз ҳузури худ даст накашид ва ҳамзамон ваъда ҳам надод, ки Украинаро ба сафи худ қабул намекунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои ахир вазъ дар Донбасс муташанниҷ шудааст. Киев қисми зиёди артишро дар хатти даргириҳо мутамаркиз карда, пайваста нерӯҳои мусаллаҳро тирборон ва аз таҷҳизоти низомии мамнуъ истифода мекунад.
Қурбониёни муқовимат мардуми осоишта мебошанд. Бинобар хавфи ҳуҷуми Украина ба ҶХД ва ҶХЛ сокинони ин ду ҷумҳурӣ ба қаламрави Русия кӯчонида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0