Аз ангур то шафтолу: меваҳои дӯстдоштаи русҳо аз Тоҷикистон номбар шуданд

© PixabayГроздь винограда на солнце
Гроздь винограда на солнце  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
Соли гузашта содироти молу колои Тоҷикистон ба Русия ба ҳадди рекордӣ расид ва меваҳои тоҷикӣ дастархони русҳоро ғанӣ гардониданд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Раҳбари намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков ба афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ишора ва меваҳои дӯстдоштаи тоҷикии русҳоро номбар кард.
Ҳаҷми муомилоти мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2021 рекорди 10-соларо шикаста, дар як сол 39% афзуда, 1,3 миллиард долларро ташкил дод, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба гуфтаҳои ин намояндаи тиҷоратӣ.
Коренков тавзеҳ дод, ки ин рақам аз ҳамаи нишондодҳои пеш аз пандемия зиёдтар аст. Илова бар ин суръати афзоиши содироти коло аз Тоҷикистон ба Русия дар соли гузашта низ ба ҳадди рекордӣ расид.

"Содироти Тоҷикистон низ тамоми рекордҳоро шикаст. Интиқоли коло ба Русия аз Тоҷикистон 72,5 миллион долларро ташкил дода, ба ҳисоби пулӣ 77 фоиз ва аз рӯи колои интиқолӣ қариб 70 фоиз афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи манбаъ, соли дувум аст, ки тамоюли афзоиши содирот аз Тоҷикистон ҳифз мешавад.
Евгений Коренков афзуд, ки маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ "беҳтарини беҳтаринҳо" мебошанд.
Таможенный пункт оформления, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
“Шарики суннатӣ ва боэътимод”: гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон афзуд
Содирот дар давоми як сол 2,3 баробар афзуда, қариб 18 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил дод.

"Русҳо бештар майли дидани зардолу, ангур, сиёҳмева, шафтолу ва хурмои Тоҷикистони офтобиро дар дастархони худ доранд", - афзуд ӯ.

Дар мавриди содироти Русия Коренков қайд кард, ки афзоиши ҳаҷми он аз ҳисоби ғизо, таҷҳизот ва маҳсулоти кимиёӣ ба даст омадааст.
Ба ин тартиб ҳиссаи интиқоли колоҳои ғайриэнергетикӣ дар ҳаҷми умумии содироти Русия ба Тоҷикистон 70 дарсадро ташкил додааст.
Барои кадом моли Тоҷикистон дар бозори хориҷ "ҷанг" аст?
Ин рақобатпазирии молҳои Русияро дар бозорҳои байналмилалӣ ва беасос будани тезисеро, ки Русия ба хориҷи кишвар танҳо нафт содир мекунад, мусбат тавсиф мекунад.
"Муваффақият асосан дар маҳсулоти хӯрокворӣ, чӯбу филиз ва навъҳои гуногуни таҷҳизоту маҳсулоти кимиёӣ буд", - гуфт раиси намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0