Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин дар бораи хатари мушакҳои Амрико дар Украина: То 4 дақиқа ба Маскав мерасанд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
Роҳбари Русия гуфт, вақти парвоз ба Маскав барои мушакҳои болдори "Томагавк" камтар аз 35 дақиқа, барои мушакҳои баллистикӣ аз вилояти Харков 7-8 дақиқа ва барои силоҳи зарбаи мофавқуссадо 4-5 дақиқа хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Агар мушакҳои Амрико дар Украина ҷойгир шаванд, пас аз чор дақиқа имкони ба Маскав расидани онҳо мавҷуд аст.
Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёми худ изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз фурудгоҳҳои Украина дар наздикии марзи Русия ҷойгир шудаанд.
"Ҳавопаймоҳои тактикии НАТО, ки дар ин ҷо ҷойгир шудаанд, аз ҷумла интиқолдиҳандагони аслиҳаи дақиқ метавонанд ба қаламрави мо то умқи хатти Волгоград - Қазон - Самара - Астрахан зарба зананд. Ҷойгир кардани радарҳои истихборотӣ дар қаламрави Украина ба НАТО имкон медиҳад, то Урал ҳарими ҳавоии Русияро назорат кунад", - тавзеҳ дод Путин.
Туров: Появление ядерного оружия на Украине может привести к мировой трагедии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Туров: Пайдоиши силоҳи ҳастаӣ дар Украина боиси фоҷиаи ҷаҳонӣ хоҳад шуд
Вай қайд кард, баъд аз он ки ИМА шартномаи қувваҳои ҳастаии миёнапарвозро вайрон кард, Пентагон аллакай ошкоро як қатор яроқи зарбазани заминӣ, аз ҷумла мушакҳои баллистикиро, ки дар масофаи то 5,5 ҳазор километр ба ҳадаф мерасанд, тайёр карда истодаанд.
Ӯ гуфт, агар ин гуна системаҳо дар Украина ҷойгир шаванд, онҳо метавонанд ба объектҳои қаламрави аврупоии Русия ва инчунин берун аз Урал зарба зананд.

"Вақти парвоз ба Маскав барои мушакҳои болдори "Томагавк" камтар аз 35 дақиқа, мушакҳои баллистикӣ аз вилояти Харков 7-8 дақиқа ва яроқи зарбазани гиперсадоӣ 4-5 дақиқа аст. Инро бевосита "корд ба гулӯ" меноманд", - бо нигаронӣ афзуд Владимир Путин.

Ёдовар мешавем, Владимир Путин, кишвардори Русия дар паёмаш ба мардум эълом карда буд, ки ин кишвар истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганскро эътироф мекунад.
Лентаи хабарҳо
0