Қодиров: Ғарб фақат бо таҳрим таҳдид мекунад, дӯстӣ намехоҳад

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской республики Рамзан Кадыров, архивное фото
Глава Чеченской республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Чеченистон мегӯяд, Ғарб барои таҳримот алайҳи Русия ҳамеша баҳона пайдо мекунад
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон ҳамандешияшро бо президенти Русия баён дошт, ки Аврупо ва ИМА роҳи дигаре ҷуз таҳрим пешниҳод карда наметавонанд.
Қодиров гуфт, Владимир Путин дуруст таъкид намуд, ки Ғарб ҳамеша Русияро бо таҳримот таҳдид мекунад ва баҳона барои он ҳамеша пайдо хоҳад шуд.
"Роҳи дигари созанда ва судманди тарафайнро шарикони хориҷӣ пешниҳод карда наметавонанд. Ба онҳо лозим ҳам нест, ки Русия шарик бошад. Розиям бо Владимир Владимирович, ки дар симои мо дӯстро дидан намехоҳанд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Қодиров.
Президент РФ В. Путин принял участие в расширенном заседании коллегии МЧС РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия ҷумҳуриҳои Донестк ва Луганскро ба расмият шинохт
Ӯ ҳамчунин ҳамовозияшро бо Путин изҳор доштааст, ки Украинаи муосир комилан аз ҷониби Русияи коммунистӣ сохта шудааст. Қодиров Қримро мисол овард, ки ҳама чӣ дер ё зуд ба маҷрои худ бармегардад.
"Бидуни он иқдомоти васеъ, чун кишвар аз аввал мавҷуд дошта наметавонист. Намехоҳам, украиниҳоро малол созам. Бовар дорам, худашон низ инро дарк мекунанд", - илова намудааст вай.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои амният ба шаҳрвандони кишвараш муроҷиат карда гуфт, эътирофи фаврии мустақилияти Донетск ва Луганскро муҳим медонад. Ӯ афзуд, ки ҷаҳон талош дорад, даҳшату наслкушӣ дар Донбассро нодида гирад, аммо дар амал он ҷо ягон рӯз бидуни оташкушоӣ ва ҳалокати одамони осоишта намегузарад. Путин таъкид намуд, ки дар сурати идомаи хунрезӣ дар Донбасс тамоми масъулият ба дӯши низоми Киев хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0