Толибон 90 зиндониро дар Афғонистон озод карданд

© REUTERS / WANA Мужчина идет по коридору тюрьмы на авиабазе Баграм в Парване, Афганистан
Мужчина идет по коридору тюрьмы на авиабазе Баграм в Парване, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Бо фармони ҳукумати муваққати толибон чанд нафар маҳбус, ҳамчунин зиндониёни сиёсӣ низ ба озодӣ баромаданд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Толибон, ки ахиран қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, 90 маҳбус, аз ҷумла онҳоеро, ки барои содир кардани ҷиноят ба зиндон маҳкум шуда буданд, озод кард.
Дар ин бора рӯзи душанбе оҷонсии хабарии маҳаллии таҳти назорати толибон "Бохтар" хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, аз зиндони вилояти шарқии Нангарҳори Афғонистон, тибқи фармони Ҳайбатулло Охундзода, маҳкумшудагон, аз ҷумла зиндониёни сиёсӣ озод шуданд.
Толибон, ки дар авохири тобистон ва авоили тирамоҳи соли гузашта қудратро дар Афғонистон ба даст гирифта буданд, садҳо маҳбусро аз зиндонҳои ин кишвар, аз ҷумла 350 нафар дар вилояти ҷанубии Ҳилмандро раҳо карданд.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Вазири дифои толибҳо: Афғонистон хонаи амни терроризм нест
Илова бар ин толибон ҷонибдорони худро аз зиндоне, ки барои 5 ҳазор нафар дар шаҳри Багром пешинӣ шудааст, раҳо карданд.
Пас аз он ки Вошингтон дар баҳори соли 2021 тасмимаш дар бораи хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳ аз Афғонистонро эълон кард, толибон амалиёти густурда барои назорат бар ин кишварро оғоз карданд.
Ноиби вазири хориҷии Русия шарти эътирофи толибҳоро гуфт
Рӯзи 15 август ҷангиёни толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Рӯзи 6 сентябр толибон аз истиқрори назорат бар тамоми қаламрави Афғонистон ва рӯзи 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол он аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0