Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВУХ: Маскав аз таҳримҳо ба далели эътирофи ҶХД ва ҶХЛ наметарсад

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗдание Министерства иностранных дел РФ
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, Маскав ба ҳеҷ ваҷҳ аз таҳримҳо барои эътирофи ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск наметарсад
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷии Русия Андрей Руденко рӯзи сешанбе гуфт, Маскав аз таҳримҳо, аз ҷумла дар бораи "Маҷрои Шимол-2", ки метавонад дар робита ба эътирофи ҶХД ва ҶХЛ ба миён ояд, наметарсад.

"Маскав аз ҳеҷ чиз наметарсад", - гуфт Руденко ба хабарнигорон дар посух ба саволи РИА "Новости".

Вазъият дар Донбасс дар рӯзҳои ахир муташанниҷ шудааст, ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск аз тирборони зиёди нерӯҳои амниятии Украина хабар додаанд.
Раҳбарияти ҶХД ва ҶХЛ аз ба таври муваққатӣ кӯчидани шаҳрвандонашон ба вилояти Ростов бинобар таҳдиди таҷовузи Украина ба ин минтақа хабар доданд.
Государственная Дума РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Думаи давлатӣ созишнома бо Луганску Донетскро тасвиб кард: Маскав гуфт, марз куҷост
Пеш аз ҳама занону кӯдакон ва пиронсолон кӯчонида шуданд.
Раҳбари ҶХД Денис Пушилин гуфт, ки раииҷумҳури Украина Владимир Зеленский метавонад ба зудӣ ба низомиён амр диҳад, ки ба ҳамла гузаранд.
Рӯзи шанбеи 19 феврал раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ фармон дар бораи сафарбаркунии умумиро имзо ва сипас бо дархости эътирофи истиқлоли ин ҷумҳуриҳо ба Русия муроҷиат карданд.
Лентаи хабарҳо
0