Теъдоди захмиёни сӯхтори Қубодиён афзуд: табобаташонро вазир назорат мекунад

© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикстонХабаргирӣ аз аҳволи қурбониёни сӯхтор дар Қубодиён
Хабаргирӣ аз аҳволи қурбониёни сӯхтор дар Қубодиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Теъдоди захмиёни сӯхтор дар Қубодиён ба 14 нафар расид, дар ҳоле ки ВКД аз ҷароҳат бардоштани 13 нафар тайи ин оташсӯзӣ хабар дода буд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода табобати захмиёни сӯхтор дар Қубодиёнро таҳти назорати шахсӣ гирифт.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ин росто шаби 21 феврал намояндагони ин ниҳод ба аёдати захмиёни сӯхтор рафтаанд.
Ҳамин тавр муовини якуми вазири тандурустӣ Ғафур Муҳсинзода ва сардори Раёсати тандурустии Хатлон Шарифзода Шайдулло дар Маҷмаи тандурустии "Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон" ва беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён бо вазъи саломатии захмиён ошно шудаанд.
Тибқи гузориши Вазорати тандурустӣ, дар паи сӯхтори мазкур 14 тан ҷароҳат бардоштааст, дар ҳоле ки Вазорати корҳои дохилии кишвар аз захмӣ шудани 13 тан хабар дода буд.

​"Аз ин шумор бо назардошти он ки вазъи саломатияшон муътадил буд, то кунун 6 нафар ба хона русхат дода шуда, 8 нафари боқимонда айни ҳол таҳти назорати табибон қарор доранд", - омадааст дар хабар.

​Манбаъ афзуда, ки ҷараёни табобати захмиён таҳти назорати бевоситаи вазири тандурустӣ қарор дошта, барои муолиҷаи онҳо шароит фароҳам аст.
Ғафур Муҳсинзода зимни аёдати беморон бо рафти табобати захмиён ошно шуда, бо наздикону пайвандони онҳо суҳбат кардааст.
Взрыв на заправке в Кубодиёнском районе РТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Ҷузъиёти сӯхтор дар Қубодиён: аз ҷароҳати 13 нафар то зарари ҳафт мошини сабукрав
Ӯ гуфтааст, ки Вазорати тандурустӣ барои ҳарчи зудтар шифо ёфтани захмиён тамоми кӯшиш ва талошро хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки оташсӯзӣ рӯзи 21-уми феврал, соати 15:04-дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ "Ориё нафт", воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиён рух дод.
Сӯхтори шадид дар Қубодиён: теъдоди захмиён афзоиш меёбад - видео
Бино ба гузориши ВКД, сабаби сӯхтор таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ будааст. Масоҳати умумии сӯхтор тақрибан 280 метри мураббаъро ташкил додааст.
Феълан аз тарафи коршиносон таҳқиқи ҳодиса идома дошта, сабаб, омил ва зарари пурраи он муайян карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0