Баррасии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон дар Душанбе

© Министерство экономического развития и торговли РТ Таджикистан и Азербайджан обсудили экономические вопросы
Таджикистан и Азербайджан обсудили экономические вопросы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо зимни баргузории ин ҷаласа гуфт, ки муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромаданд”,-иброз дошт Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, ки ҳамраисии ҷаласаро ба уҳда дошт.
Ҷониби Озарбойҷонро дар ин ҷаласа Инам Керимов, вазири кишоварзии ин кишвар муаррифӣ мекард.
Дар ҷаласа ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ, бонкдорӣ, варзиш, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории озарбойҷонӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба мувофиқа расиданд.
Встреча с делегацией Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Аз амният то иқтисод: Раҳмон бо вакилони аврупоӣ чиро баррасӣ кард?
Намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо Тоҷикистон қайд кардааст, ки Озарбойҷон яке аз шарикони тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, соли сипаришуда аз Тоҷикистон воситаҳои нақлиёти заминӣ, қоғазу картон, маҳсулот аз он ва дигар маҳсулот содирот ва аз Озарбойҷон равғани растанӣ, шакар, тухмиҳои равғандор, маҳсулоти нафтӣ ва ғайра ворид гариданд.
“Гардиши савдо миёни ду кишвар дар соли 2021 6,1 млн долларро ташкил намуд, ки ҷавобгӯи иқтидори ду кишвар набуда, корҳо дар ин ҷода бояд тақвият дода шаванд”, - иттилоъ додааст вазорати рушди иқтисод.
Дар ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар масъалаи равобити тиҷоратию иқтисодӣ ба самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим қайд карда шуд.
Манбаъ илова кардааст, ки ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд ва дар анҷоми он Протокол ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0