Ҳақонӣ: Раванди ба расмият шинохтани ҳукумати толибон “хомӯшона” ҷараён дорад

© AFP 2023 / Afghan Taliban Представитель движения «Талибан» Анас Хаккани и делегаты, сидящие в самолете перед вылетом в Осло, в аэропорту Кабула
Представитель движения «Талибан» Анас Хаккани и делегаты, сидящие в самолете перед вылетом в Осло, в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Обуна шудан
Як узви барҷсатаи толибон гуфт, раванди ба расмият шинохтани ҳукумати сарпарасти толибҳо ба гунаи хомӯшона ҷараён дорад ва дар ин бора пешрафтҳо низ ба миён омадаанд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Анас Ҳаққонӣ, бародари Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати дохилии ҳукумати толибон бо ишора ба боз шудани сафоратхонаҳои ҳукумати нави Афғонистон дар бархе аз кишварҳо гуфт, ки раванди ба расмият шинохтани иморати исломӣ хомӯшона идома дорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

“Дар натиҷаи талошҳои сиёсӣ имрӯз Кобул пур аз сафоратхонаҳост ва мо дар бисёре аз кишварҳо сафоратхонаҳо боз кардем. Раванди эътирофи ҳукумати толибон хомӯшона идома дорад”, - гуфт Анас Ҳаққонӣ.

Вай бо таъкид бар он ки ихтилофҳо набояд ба арзишҳои миллӣ осеб расонанд, аз нерӯҳои толибон даъват кард, ки ба авфи умумӣ риоя кунанд ва қасос нагиранд.

“Агар ки нерӯҳои толибон ва ё масъулини давлат бар шумо фишор меоранд, ин сиёсати мо нест. Мо ба шумо итминон медиҳем, ки агар касе мушкили дорад, метавонад барои ҳалли он ба масъулин муроҷиат кунад.

Қаблан Абдулқаҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати хориҷа бар зарурати эътирофи ҳукумати толибон таъкид кард ва гуфт, ки онҳо тамоми шароитро барои эътироф ба унвони як ҳукумат доранд.
Мужчина идет по коридору тюрьмы на авиабазе Баграм в Парване, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Толибон 90 зиндониро дар Афғонистон озод карданд
"Ҳукумати кунунӣ бо ҳавопаймо наомадааст ва роҳбари он аз ҳаво ба замин андохта нашудааст, онҳо бо ҳимояти нерӯҳои хориҷӣ наомадаанд, ҳукумати нави Афғонистон намояндаи мардуми Афғонистон аст”, - гуфт ӯ.
Ахиран Созмони Милали Муттаҳид номи чеҳраҳои собиқи ҳукумати Афғонистон, аз ҷумла Ашраф Ғаниро аз феҳристи раҳбарони ҷаҳон хориҷ кард.
Дар ҳамин ҳол бо гузашти шаш моҳ аз ҳукмронии толибон дар Афғонистон ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро эътироф накардааст.
Лентаи хабарҳо
0