Ҳукумати Суғд гуфт, кадом шаҳру навоҳии вилоят даромад дораду кадомаш не

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Обуна шудан
Даромади буҷети маҳалии шумори бештари шаҳру навоҳии Суғд хароҷоти худро пӯшонида наметавонад
ДУШАНБЕ, 23 фев – Sputnik. Ин нуктаро масъулини идораи молии ҳукумати Суғд дар нишасти матбуотӣ баён намуданд.
Анвар Мирзозода, сардори Раёсати молияи ҳукумати Суғд дар посух ба саволи рӯзноманигорон шаҳру навоҳии субвенсионӣ, хароҷотбарор ва саҳмгузорро ном гирифт.
Ӯ гуфт, аз 18 шаҳру навоҳии Суғд ҳоло 11-тои он субвенсионӣ маҳсуб аст.

“Инҳо шаҳру ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Зафаробод, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷ. Расулов, Шаҳристон, Мастчоҳ мебошанд, ки ҳамасола ба далели пӯшонида натавонистани хароҷоти худ аз ҳисоби буҷети вилоят маблағҳои субвенсионӣ мегиранд” – гуфт, сардори идораи молия.

Ин масъули ҳукумат иброз намуд, ки то даҳ соли пеш шаҳру навоҳии субвенсионии Суғд ҳамагӣ панҷто шумурда мешуданд, вале ҳоло ин омор афзоиш ёфтааст.
Дар замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар феҳристи навоҳии субвенсионӣ асосан Ашт, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳри Истиқлол буданд. Аммо баъди солҳои 2012 шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод ва аз соли 2020 ба ин тараф ноҳияи Мастчоҳ низ ба ҳисоби шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ ҳамроҳ карда шуданд. Инҳо навоҳие ба шумор мераванд, ки барои таъмин намудани хароҷоти ҷории худ танқисӣ мекашанд ва барои таъминоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар ин шаҳру навоҳӣ маблағҳои субвенсионӣ интиқол дода мешавад.
Детский сад в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Хурдсолони деҳот кай ба боғчаҳо мераванд? Танҳо 15% кӯдакони Суғд ба кӯдакистон мераванд
Ҳоло Бӯстону Гулистону Хуҷанд, Айнӣ, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз панҷгонаи шаҳру навоҳии Суғд ба ҳисоб мераванд, ки қисми даромади буҷети маҳаллӣ нисбат ба хароҷоташон бештар буда ва барои пӯшондани хароҷоти дигар навоҳии вилоят саҳмгузор мебошанд.
Дар ин миён Истаравшан ягон шаҳр аст, ки даромади буҷеташ хароҷоти шаҳрро таъмин мекунад.
Бино ба гуфтаи Анвар Мирзозода, соли 2021 дар умум ба 11 шаҳру ноҳия аз ҳисоби буҷаи вилоят 270 миллион сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ равон карда шудааст.
Масъулони ҳукумати Суғд мегӯянд, бо вуҷуди бештар шудани шумори шаҳру навоҳии субвенсионӣ вилояти Суғд дар назди буҷети марказии кишвар субвенсионӣ нест, балки дар пешрафти навоҳии шаҳри Душанбе ҳиссагузор аст.
Лентаи хабарҳо
0