Бонки миллӣ фаъолияти ФҚХ “Истиқлол”-ро қатъ кард

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Душанбе-плаза
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон як ташкилоти қарзии хурд фаъолияташро қатъ кард
ДУШАНБЕ, 24 фев - Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхӯрии боз як ташкилоти қарзии хурд хабар дод.
Бинобар иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, ин навбат ФҚХ “Истиқлол” бар ҳам дода шуд.
Гуфта мешавад, мутобиқи моддаи 6, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости ФҚХ “Истиқлол”-ро ҷиҳати бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрии он қонеъ намуд.
Тибқи қарори мазкур, ҳамакнун иҷозатномаи ФҚХ “Истиқлол” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, ки аз 14 ноябри соли 2012 гирифта буд, аз эътибор соқит дониста мешавад.
Работа за компьютером. Клавиатура - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Дар шаҳри Хоруғ бонки нав ба кор даромад
Мақомоти ваколатдори ФҚХ “Истиқлол” вазифадор карда шудаанд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳиро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд, афзуд манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 26 фонди қарзии хурди дигар фаъолият мекунад.
Лентаи хабарҳо
0