Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Эълони таҳримҳои шадид алайҳи Русия аз сӯйи Байден

© REUTERS / KEVIN LAMARQUEПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Рӯзи ҷумъа расиҷумҳури Амрико бо раҳбарони кишварҳои G7 нишасте барпо ва дар он амалиёти низомии Русия дар Донбассро баррасӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Байден пас аз гуфтугӯҳои телефонӣ бо Зеленский итминон дод, ки Вашингтон ва шариконаш алайҳи Русия "таҳримҳои дандоншикан" ҷорӣ хоҳанд кард.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико пас аз суҳбати телефонӣ бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский гуфт, Вашингтон ва муттаҳидонаш алайҳи Русия пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс таҳримот ҷорӣ хоҳанд кард.

“Фардо ман бо раҳбарони G7 мулоқот хоҳам кард. Иёлоти Муттаҳида, муттаҳидон ва шарикони мо алайҳи Русия таҳримҳои шадид ҷорӣ хоҳанд кард”,- гуфта мешавад дар изҳороти Байден.

Байден қайд кард, ки Зеленский аз ӯ хоҳиш кардааст, “роҳбарони ҷаҳон ба таври возеҳ алайҳи таҷовузи президенти Русия ошкоро изҳорот диҳанд”.
Зеленский қаблан дар бораи суҳбат бо раҳбари Амрико хабар дода буд.
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дархости ВУХ Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш дар Украина: манзилҳоятонро тарк накунед
Ӯ қайд кард, ки Вашингтон пуштибонии байналмилалиро шуруъ кардааст.
Раисҷумҳури Украина дар ин кишвар вазъи низомӣ эълон кард. Вай аз мардуми Украина даъват кард, воҳима накунанд ва итминон дод, ки Киев "ба ҳама амалҳо омодааст ва бар ҳама пирӯз мешавад".
Вазорати корҳои дохилии Украина аз зарбаҳои мушакӣ "ба марказҳои фармондеҳии низомӣ, фурудгоҳҳо, анборҳои низомӣ, Киев, Харков ва Днепр" хабар дод.
Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки артиш фақат ба зербиноҳои низомӣ зарба мезанад, на ба шаҳрҳои Украина.
Ёдрас менамоем, Русия амалиёти низомии худ дар Украинаро оғоз кардааст. Расонаҳои русиву украинӣ ва расонаҳои дигари аврупоӣ аз ҳамлаҳои Русия ба шаҳрҳои Киеву Одесса хабар медиҳанд. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард.
Лентаи хабарҳо
0