Ҳалокати чаҳор муҳоҷир бар асари сӯхторе дар Красноярск

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксПожар на складе, архивное фото
Пожар на складе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Гуфта мешавад, ки маҷруҳон ва фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бар асари як сӯхтор дар ноҳияи Курагинскии Красноярск чаҳор нафар ба ҳалокат расида, се нафар ҷароҳат бардоштанд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Сарраёсати вилоятии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, хабари сӯхтори се вагони чӯбӣ, ки муҳоҷирон дар он мезистанд, соати 00:54 ба вақти маҳаллӣ ба онҳо расид.
"Дар натиҷаи сӯхтор 4 шаҳрванди хориҷӣ ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки се маҷруҳи дигар дар бемористони ноҳияи Курагинская бистарӣ шудаанд.
Тибқи маълумоти муқаддамотии додситонӣ, маҷруҳон ва ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Додситонӣ аз оғози тафтишот дар ин хусус хабар дод.
Дар Сарраёсати вилоятии Кумитаи тафтишотӣ дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марг аз хунукназарӣ хабар доданд.
Фавту маҷрӯҳ шудани 7 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати Тоҷикистон
Тахмин меравад, ки сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ, беэҳтиётӣ дар робита ба истифода аз оташ будааст.
Тибқи маълумоти муқаддамотии тафтишот, фавтидагон ва маҷруҳшудагон кормандони ташкилоти пудратчии ҶДММ "ArkStoun", ки ба таъмири роҳҳо машғул аст, будаанд.
Қаблан дар вилояти Иркутск афроди ношинос як макони зисти муҳоҷиронро оташ зада буданд, ки дар он ду муҳоҷир ҷон бохтанд.
Ҳамзамон дар пайи сӯхтор панҷ тани дигар ҷароҳат бардошта буданд.
Лентаи хабарҳо
0