Ҷабборов азодории худро мисол оварду забҳи чорво дар маросими дафнро манъ кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция С. Жапарова по итогам выборов в Киргизии
Пресс-конференция С. Жапарова по итогам выборов в Киргизии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Президенти Қирғизистон забҳи чорво дар маросими азодориро манъ кард ва аз зиндагии худ мисол овард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Содир Ҷабборов, кишвардори Қирғизистон бо судури як фармон забҳи чорво дар маросими дафнро манъ кард. Президент матни ин фармонро худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, ин фармон ба ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз он ки имкони забҳи чорво доранд ё не, дахл дорад. Ӯ мегӯяд, маросими дафн дар Қирғизистон ба мисли ҷашнҳо мегузарад.
"Русуме идома доранд, ки камбағалон як гов ва сарватмандон 5 сар чорво забҳ мекунанд. Дар натиҷа аксари вақт оилаҳои камбизоат ҳам аз сарватмандон кам намонем гуфта, охирин чорвои худро забҳ мекунанд", - афзуд Ҷабборов.
Могила отца премьер-министра Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Дафн аз рӯи тартиб: Раиси Кумитаи дин аз қатъи худсарӣ дар гӯристонҳои Тоҷикистон гуфт
Зимнан роҳбари Қирғизистон илова намуд, ки "албатта, нафароне пайдо мешаванд, ки алайҳи тасмими ӯ норизогӣ баён мекунанд". Ӯ изҳори бовар кард, ки ин гуна ашхос кам андар каманд.
Ҷабборов дар идома аз зиндагии худ мисол овард. Ба гуфтаи ӯ, вақте фарзанди калонияш соли 2019 вафот кард, хешовандонаш аз деҳа занг зада пурсидаанд, ки се сар чорвои тайёркардаашон барои куштан басанда аст ё не.

"Ман намондам, ки ягон чорво забҳ шавад. Гуфтам, ҳатто мурғро сар набуред. Зеро ман мотам дорам, на ягон ҷашн"

Ӯ гуфт, тақрибан 10 000 одам барои изҳори тасаллӣ омаданд ва бидуни хӯрдани чизе рафтанду кори маро хуб қабул карданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон чанд сол боз забҳ кардани чорво дар маросими азодорӣ манъ карда шудааст. Ҳоло ин таҷрибаи Тоҷикистонро ҷаноби Ҷабборов дар Ҷумҳурии Қирғизистон роҳандозӣ карданист.
Дар Тоҷикистон сар аз соли 2017 маросими "се", "чил" ва "сол" бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0