Куштори ошиқ аз дасти маъшуқ дар Душанбе: ҳар ду соҳиби оила буданд - видео

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Муносиботи пинҳонии ду ҷавони оиладор бо марги якеву зиндонӣ шудани дигаре поён ёфт
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як ҷавонзанеро бо иттиҳоми куштори маъшуқааш боздошт кардааст.
Тибқи гузориши телевизионии ин ниҳод, боздоштшуда Дилором Собироваи 28-сола мебошад, ки бо Давлатманд Холови 27-сола муносиботи маҳрамона доштааст.
Ба иттилои манбаъ, Дилором Собирова, зодаи шаҳри Душанбе, оиладор ва Давлатманд Холов, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ низ соҳиби оила ва ду фарзанд будааст.
Гуфта мешавад, ҳар ду ҷавон муносиботи маҳрамона барқарор намуда, пайваста дар хонаи Холов дидор мекардаанд.
Дидори охирин ва фоҷиабори ин ду нафар шаби 15 феврал ба поён мерасад.
Бинобар гузориши ВКД, дар ин шаб низ дидори ин афрод доир мегардад, аммо миёнашон муноқиша сар мезанад, ки Собирова бо корд як бор ба қафаси синаи маъшуқаш зада, бо бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат мерасонад.
Зимни бозпурсӣ Собирова изҳор карда, ки дар пайи муноқиша кордро гирифт ва танҳо мехост, ки ошиқашро тарсонад, аммо кор бо куштани ӯ тамом шуд.
Ин ниҳод сабиб муноқишаи ин ду нафарро шарҳ надодааст.
ВУД мегӯяд, ҳоло нисбати боздоштшуда бо моддаи 104, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки ин моддаи қонун маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0