Мушкили асосии варзиши тоҷик гуфта шуд: пешниҳод барои ниҳоди нав

© Sputnik / Антон ДенисовБолельщики на стадионе
Болельщики на стадионе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Коршиносон камбудии асосии соҳаи варзиши ҷумҳуриро зикр карда гуфтаанд, ки ин бахш дар кишвар ба тағйироти ҷиддӣ ниёз дорад
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон ниҳоди алоҳидаи варзиш ташкил кардан лозим аст. Дар ин бора мутахассисони аршади соҳа изҳори назар кардаанд.
Ҳамин тариқ онҳо дар бораи тағйирот дар ҳайати роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гуфтаанд.
Қаблан ба ҷои муовини раиси ин раёсат Дилшод Назаров ҷудочии собиқ Парвиз Собиров нишаст. Аммо ба гуфтаи коршиносон, ин тағйирот ба рушди варзиш дар кишвар дар гумон аст, ки таъсири ҷиддӣ расонад.
Мураббии рус ва мураббии собиқи Расул Боқиеву Комроншоҳ Устопириён Владимир Елчанинов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид кард, ки таъйини Собиров ба мақоми муовини раиси ин кумита тасмими дуруст аст, аммо барои тағйироти куллӣ ин кофӣ нест.

"Дар вазифаҳои масъул таъйин кардани одамони босавод як кор, аммо ин ҷо чизи дигар низ муҳим аст. Варзиш ба сохтори алоҳида ниёз дорад", - таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи Елчанинов, кумита бояд ба ду ниҳод тақсим шавад. Яке аз онҳо ба варзиш ва дигаре марбут ба корҳои ҷавонон бошад.
Ба андешаи ӯ, раиси Анҷумани армрестлинги Тоҷикистон Фарҳод Султонов аз ин пешниҳод пуштибонӣ мекунад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ёвари нави раиси кумита дар рушди варзиш саҳми бузург хоҳад дошт.
"Андешаи ман бетағйир боқӣ мемонад. Варзишро бояд ҷудо кард, ба як ниҳоди алоҳида табдил дод. Дар акси ҳол ҳеҷ чиз тағйир намеёбад", - афзуд Султонов.
Олимпийский чемпион Дилшод Назаров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Дилшод Назаров аз вазифа барканор шуд
Камонвари афсонавии варзиши тоҷик Зебинисо Рустамова бар ин назар аст, ки ин соҳа дар кишвар ба тағйироти густардатаре ниёз дорад. Ба гуфтаи вай, таъйини Собиров тағйироти ҷиддие ба бор нахоҳад овард.
"Ҳар касе, ки ба кумита ояд, як тарафи масъала аст, аммо тарафи дигар масъала он аст, ки то ниҳоди алоҳидаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис наёбад, мо рушд намекунем", - таъкид кард Рустамова.
Ӯ дар зимн аз оинномаи ин ниҳод дар бораи инкишофи варзиш ва ҳаракати олимпии Точикистон ёдоварӣ кард, ки ба назари мавсуф, ба рушди барномаҳои соҳа халал мерасонад. Рустамова гуфт, ки кишвар аз таҷрибаи дигар мамлакатҳо улгӯ гирифта метавонад.
Ҳамин тариқ кумита набояд танҳо бо сиёсати варзишӣ, КМО ва федератсияҳо таваҷҷуҳ намояд, балки ба инкишофи намудҳои варзиш ва тайёр кардани кадрҳои касбӣ дар кишвар низ машғул шавад.

"Умедворам, ки дар низоми Кумитаи олимпӣ таҷдиди назар карда мешавад: вақти он расидааст, ки он пойгоҳ, молия, дастаҳои варзишии доимӣ дошта бошанд",- хулоса кард вай.

Ёдовар мешавем, Собиров бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақоми нав гирифт.
ِВарзишгари собиқ аз соли 2003 то соли 2013 дар ҳайати тими мунтахаби кишвар баромад мекард ва дар олимпиадаи Лондон ширкат карда, инчунин медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст овардааст.
Лентаи хабарҳо
0