Гаронарзиштарин футболбозони мунтахаби Тоҷикистон эълон шуданд: ном ба ном

© ФФТНациональная сборная Таджикистана на тренировке
Национальная сборная Таджикистана на тренировке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳеҷ яке аз варзишгарони тоҷик беш аз миллион евро нарх надорад, аммо аллакай бисёре аз бозигарони тими футболи Тоҷикистонро бошгоҳҳои хориҷӣ харидаанд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бар асоси маълумоти торномаи олмонӣ, Sputnik Тоҷикистон радабандии гаронарзиштарин футболбозони тими миллиро тартиб дод.
Бино ба маълумоти "Transfermarkt.de", тими миллии Тоҷикистон 6,43 миллион евро арзиш дорад.
Синну соли миёнаи варзишкорон 23,5 сол аст. Коршиносони портали олмонӣ ба он 23 бозигарро ворид кардаанд.
Мақоми аввалро якбора ду бозигар ишғол мекунанд. Онҳо футболбози дастаи "Локомотив"-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев ва нимҳимоятгари АГМК-и Ӯзбекистон Алишер Ҷалилов мебошанд. Нархи онҳо 700 000 евро арзёбӣ мешавад.
Дар ҷойи дуюм дар феҳрист футболбози "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон Эҳсони Панҷшанбе қарор дорад, ки 600 ҳазор евро арзиш дорад. Дар зинаи сеюм якбора боз ду бозигари дигар ҷой гирифтаанд, ки 400 000 евро нарх доранд.
Инҳо бозигарони "Истиқлол" Манучеҳр Ҷалилов ва Зоир Ҷӯрабоев мебошанд.
Агар ба феҳристи панҷ варзишкори гаронарзиштарини тоҷик назар андозед, дар радабандӣ боз чаҳор футболбози дигарро, ки Тоҷикистонро дар кишварҳои берун муаррифӣ кардаанд ё мекунанд, мебинед.
Ин ҳамлагари тими "Торпедо-БелАЗ"-и Беларус Шаҳром Самиев аст, ки қимати трансфери ӯ 350 ҳазор евро арзёбӣ мешавад. Се бозигари дигар бо нархи 275 ҳазор евро дар интизори клубҳо ҳастанд.
Матч Таджикистан-Таиланд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Қимати бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Онҳо Нуриддин Давронов ва Шериддин Бобоев мебошанд, ки расман бидуни бошгоҳ ҳастанд.
Якумӣ ба наздикӣ тими "Персита"-ро тарк кард ва дуввумӣ бошгоҳи "Пенанг"-ро (ҳарду аз Малайзия). Бозингари сеюм Муҳаммадҷон Раҳимов аст, ки чанде қабл аз "Ордабаси"-и Қазоқистон рафт.
Зимнан, ҳамаи се бозигар феълан дар ҳайати "Истиқлол" тамрин мекунанд ва ба эҳтимоли зиёд фаъолияти худро дар он идома медиҳанд.
Баъдан як қатор бозигароне ҷойгиранд, ки нархи онҳо нисбатан камтар аст.
Дар миёни онҳо Амирбек Ҷӯрабоев ("Истиқлол") ва Ваҳдат Ҳаннонов ("Персеполис") ҳар кадом 250 000 евроӣ.
Футболбози тоҷик бошгоҳи Қазоқистонро тарк кард
Манучеҳр Сафаровро "Персеполис" ба маблағи 225 ҳазор ва Кароматулло Саидов ва Наимҷон Иброҳимзода аз дасти "Хуҷанд" 200 ҳазор евроӣ баҳогузорӣ шудаанд.
Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон чанд бозигар 175 ҳазор евро арзиш доранд. Инҳо Ҳусейн Нурматов (Истаравшан), Шоҳрух Қиргизбоев ва Шервони Мабатшоев аз "Истиқлол" ва инчунин Алиҷон Кароматуллозода аз ССКА мебошанд.
Давронҷон Эргашев аз “Бунёдкор”-и Ӯзбекистон, Ҷаҳонгир Эргашев аз “Нефтчи”-и Қирғизистон, Табрези Давлатмир аз “Истиқлол” 150 ҳазор, дарвозабон Муҳриддин Ҳасанов аз “Хуҷанд” 125 ҳазор рубл арзёбӣ мешавад.
Ва дарвозабони дигар Далер Азизов аз "Регар-ТадАЗ" феҳристи бозигарони тими миллиро хотима медиҳад: ҳунари ӯ 50 ҳазор евро арзёбӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0