Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Парвози "Сомон эйр" аз Екатеринбург ба Душанбе лағв шуд

© SputnikЛюди в аэропорту Манас в Бишкеке.
Люди в аэропорту Манас в Бишкеке. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Чанд парвози байналмилалию дохилӣ аз фурудгоҳи Екатеринбург, аз ҷумла парвоз ба пойтахти Тоҷикистон лағв шуд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Парвози рӯзи 24 феврал аз фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург ба Душанбе лағв шуд.
Дар ин бора таблиғоти онлайнии терминали фурудгоҳ шаҳодат медиҳад.
Гуфта мешавад, парвози SZ- 210-и ширкати "Сомон эйр", ки бояд соати 12:10 ба вақти маҳаллӣ анҷом мешуд, лағв шудааст.
Ҳанӯз эълом нашудааст, ки ҳавопаймои ширкати тоҷикӣ кай метавонад ин парвозро анҷом диҳад.
Рӯзи 24 феврал як парвози дигари ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" ба Тоҷикистон аз Колтсово дар назар аст.
Вақти парвоз соати 23:45 ба вақти маҳаллӣ гуфта шудааст.
Самолет авиакомпании Nordwind - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Боз як ширкати ҳавопаймоии Русия парвоз ба Душанберо оғоз кард
Дар бораи ин парвоз то ҳол маълумоти дақиқ мавҷуд нест. Дар таблои таблиғот то ҳол маълумот дар бораи лағв ё таъхири эҳтимолӣ пайдо нашудааст.
Илова бар ин боз чанд парвози дохилии дигар ба шаҳрҳои Сочи, Краснодар ва Уфа лағв шудааст.
Қаблан, субҳи рӯзи панҷшанбе дар се фурудгоҳи Маскав – Внуково, Домодедово ва Шереметево беш аз 200 парвоз ба таъхир афтод ё лағв шуд.
Ёдовар мешавем, ки як қатор фурудгоҳҳо дар ҷануби Русия рӯзи 24 феврал корро мутаваққиф карданд.
Моҳи март парвози нав миёни Тоҷикистону Русия роҳандозӣ мешавад
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълом кард, ки дар Донбасс амалиёти вижаи низомӣ гузаронида мешавад. Дар як муроҷиати телевизионӣ ба шаҳрвандони кишвараш ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ"-ро тақозо дорад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0