Путин амалиёти вижаи низомӣ дар Донбассро эълон кард

© Пресс-служба президента РФ / Гузариш ба медиабонкОбращение президента РФ В. Путина
Обращение президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки Маскав нақшаи ишғоли қаламравҳои Украинаро надорад
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёме ба русҳо эълом кард, ки дар бораи амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс тасмим гирифтааст.
"Вазъият аз мо тақозо мекунад, ки чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешем. Ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат карданд", - гуфт президент.
Ба гуфтаи ӯ, ба ин муносибат мувофиқи моддаи 51, қисми 7-и асноди СММ бо иҷозати Шӯрои Федератсия ва ба амал баровардани шартномаҳои дустӣ ва ёрии ҳамдигарӣ бо ҶМД-у ҶМЛ, ки аз тарафи Ассамблеяи Федеративӣ тасдиқ карда шудааст, дар бораи гузарондани амалиёти махсуси ҳарбӣ қарор қабул карда шуд.
Сарвари давлати Русия қайд кард, ки нақшаҳои ин кишвар ишғоли Украинаро дар бар намегиранд, аммо Маскав барои демилитаризатсияи он талош хоҳад кард.
Путин дар паёми худ гуфт, ҳадаф аз амалиёти вижае, ки Федератсияи Русия анҷом медиҳад, ҳифзи одамонест, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд.
Вай таъкид кард, онҳое, ки алайҳи мардуми осоишта ҷиноятҳои зиёди хунин содир кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Президент РФ В. Путин принял участие в расширенном заседании коллегии МЧС РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия ҷумҳуриҳои Донестк ва Луганскро ба расмият шинохт
Ёдовар мешавем, қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин, шоми 21 феврал ба мардуми кишвар муроҷиати изтирорӣ карда буд.
Дар изҳороти худ ӯ гуфт, ки Федератсияи Русия ҶМД ва ҶМЛ-ро расман эътироф мекунад. Ӯ ҳамчунин хостори қатъи хунрезӣ аз ҷониби Украина шуд.
Фармонҳо дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луҳанск ба унвони кишварҳои соҳибихтиёр ва мустақил шаби 21 ба 22 феврал пас аз ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амният, ки авҷ гирифтани авзоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ карданд, нашр шуданд.
Рӯзҳои охир вазъ дар Донбасс муташанниҷ шуд, ҶМД ва ҶМЛ аз тирборони нерӯҳои амниятии Украина хабар доданд. Мақомоти ин ҷумҳуриҳо дар робита ба таҳдиди таҷовуз ба Украина аз тахлияи муваққати шаҳрвандон ба минтақаҳои Русия хабар доданд.
Вилояти Ростов аввалин шуда гурезаҳоро қабул кард, дар муддати кутоҳ вилоятҳои Воронеж, Новгород, Курск, Липетск ва Рязан ба ин кор пайвастанд, вилоятҳои дигар бошад, барои ёри расондан ба муҳоҷирон тайёр будани худро баён карданд.
Лентаи хабарҳо
0