Вазорати мудофиа: Нерӯҳои мусаллаҳи Русия мардуми осоишта дар Украинаро таҳдид намекунанд

© Sputnik / СтрингерЛюди складывают свои вещи в машину на одной из улиц в Киеве.
Люди складывают свои вещи в машину на одной из улиц в Киеве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Ҳоло воҳидҳо ва низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Украина мавқеъҳои худро тарк мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Амалиёти вижаи низомии Русия мардуми осоишта дар Украинаро таҳдид намекунад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба дафтари матбуотии Вазорати дифои ин кишвар.
Гуфта мешавад, нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина зарба намезананд.

"Ҳеҷ чиз аҳолии осоиштаро таҳдид намекунад", - омадааст дар хабари вазорат

Зимнан Вазорати дифои Русия бо такя ба маълумоти иктишофӣ гуфт, ки ҷузъу томҳо ва низомиёни Украина ба таври оммавӣ мавқеъҳои худро тарк карда, силоҳҳои худро ба замин мегузоранд.
Дар ҳамин ҳол милисаҳои мардумии ҶМД дар гузаргоҳҳо, дар байни мардуми осоишта ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Украина ба задухӯрдҳои зиёде рӯ ба рӯ шудаанд.
Сотрудники Управления специальных операций НАБУ приняли присягу в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ҶМЛ: Низомиёни Украина аз ҷанг даст мекашанд
Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар паёми худ ба мардум аз амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод. Вай таъкид кард, ки нақшаҳои Маскав ишғоли Украинаро дар бар намегиранд.
Путин гуфт, ки "вазъият аз мо чораҳои қатъӣ ва фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кӯмак ба Русия муроҷиат карданд". Ба гуфтаи Путин, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд.
Вай аз низомиёни украинӣ даъват кард, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба хона баргарданд.
Лентаи хабарҳо
0