Бабри барфӣ дар ВМКБ даҳҳо чорвои майдаро пора-пора кард

© КҲФБабри барфӣ дар ВМКБ
Бабри барфӣ дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Бабри барфӣ болои чорвои яке аз сокинони рустои ноҳияи Роштқалъа ҳамла кард ва ба ӯ зарари калони моддӣ расонид
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бабри барфӣ дар деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ 20 сар чорворо пора-пора кард.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи 23 феврал, тахминан соати 07:30 рух додааст.
Ҳамин тавр бабри барфӣ дар оғили як сокини ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба чорпоён ҳамла кардааст.

"Дар натиҷа дарранда 20 сар чорвои майдаро пора-пора карда, 1 сар чорвои калони шохдорро захмӣ кардааст", - омадааст дар хабар.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҷиҳати ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти дарранда сокинони деҳоти муқими ноҳияҳои кӯҳиро чунин тавсия медиҳад:
Чаронидани чорво бояд танҳо рӯзона ва бо ҳамроҳии чӯпон сурат гирад. Чӯпон бояд бо худ васоити муҳофизатӣ дошта бошад. Шабона чорво бояд дар ҷойҳои бехавф ҷо дода шавад.
Оғилҳо дар қишлоқҳои кӯҳӣ бояд бо панҷараи баландиаш на камтар аз 2,5 метр девор гирифта шаванд. Девор бояд ҳайвонҳоро аз вуруди бабри барфӣ ё хирс муҳофизат кунад. Ба бошишгоҳҳои тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст.
Онҳо бояд бо деворҳо мустаҳкам карда, шабона посбонӣ карда шаванд.
Истифодаи усулҳои тарсондани бабри барфӣ хеле ба мақсад мувофиқ аст.
Ҷасадҳои ҳайвоноти мурда бояд бо роҳи сӯзондан нобуд карда шаванд;
Дар бошишгоҳҳои тобистонии чорво ва дар оғилхона аз хизмати сагҳо истифода крадан лозим аст. Дар ин ҳолат сагҳо бояд аз ҳамлаҳои эҳтимолии паланг муҳофизат карда шаванд. Ба ин мақсад барои сагҳо паноҳгоҳ сохтан лозим аст, масалан дар таги хона чуйборҳои танг, анборе, ки барои бабри барфӣ дастнорас бошад.
Ғайр аз ин ҳудуди манзилҳои шахсиро, ки махсусан дар канори роҳ ҷойгир ҳастанд, бояд бо деворҳои баланди на камтар аз 2,5-метрӣ муҳофизат марзгирӣ кард.
Ҳамлаи паланги барфӣ ба макони гӯсфандон дар Бадахшон – видео
Лентаи хабарҳо
0