Поёни қудрати элбасӣ: Назарбоева аз "январи сиёҳ" гуфту эълони тарки порлумон кард

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДарига Назарбаева, архивное фото
Дарига Назарбаева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Обуна шудан
Духтари раисҷумҳури собиқи Қазоқистон аз тасмимаш дар робита ба истеъфо аз вакилӣ дар парлумони ин кишвар хабар дод. Вай гуфт, тамоми ҷомеа бояд дарси ибрат гирифта, ваҳдату иттиҳод нишон диҳад
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Духтари калонии Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури нахустини Қазоқистон Дариға Назарбоева аз истеъфояш аз вакилӣ дар порлумони ин кишвар хабар дод.
Вай таъкид кард, ки акнун метавонад вақти худро комилан ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ, башардӯстона, фарҳангӣ ва хайрия сарф кунад.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар додааст.
Дариға Назарбоева ба мардуми Қазоқистон, ки ба Ҳизби "нур Отан" овоз доданд, ба ҳамҳизбиён ва роҳбарияти кишвар барои эътимодашон ба ӯ изҳори сипос кардааст.
"Ҳодисаҳои фоҷиабори моҳи январ дар кишвари мо нишон дод, ки танҳо сулҳ ва ваҳдати ҷомеа ба Қазоқистон ободӣ ва рушд хоҳад овард. Бетартибиҳои рӯхдода як фоҷеаи бузург барои тамоми мардум аст. Аз ин рӯ тафтишоти объективӣ бояд анҷом дода шавад ва гунаҳкоронро ҷазо диҳанду бегуноҳонро раҳо намоянд”, - гуфт Назарбоева.
Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Вазорати адлия гуфт, алайҳи Назарбоев ва оилаи ӯ эҳтимол тафтишот оғоз шавад
Ба гуфтаи вай, бояд дарси талхи “январи сиёҳ”-ро гирифта, ҳама корро анҷом дод, то дигар чунин воқеот такрор нашаванд.
"Ин рӯзҳои фоҷиабори даҳшат ва тарсу ҳарос равшан нишон дод, ки бетартибӣ чӣ гуна хотима меёбад. Ба хотири имрӯзу фардои Ватанамон, ба хотири ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли миллии он, ба хотири сулҳу амният мо бояд ваҳдат ва ҳамбастагӣ нишон диҳем. Ман минбаъд низ ба кишвари худ ва манофеи он хидмат хоҳам кард. Барои ин вазифа лозим нест”, - афзуд Дариға Назарбоева.
Назарбоева солҳои 2019 ва 2020 раҳбарии парлумони Қазоқистонро ба зимма дошт ва аз январи 2021 ба ҳайси вакил фаъолият мекард.
Аз аввали январи соли 2022 Назарбоева дар ҷаласаҳои палата ҳузур надошт. Ба гуфтаи ёваронаш, вай аввал аз бемории коронавирус табобат гирифта, баъдан барои пушти сар кардани марҳалаи барқарории сиҳҳаташ дар рухсатӣ қарор дошт.
Қаблан бархе аз ҳамкорони Назарбоева, бахусус вакили маҷлис Айдос Сарим гуфта буд, ки вай бояд аз ваколати худ даст кашад.
Президент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Пас аз интиқоди Тоқаев бародари Назарбоев ба хазина 1 миллиард танга интиқол дод
Дар авоили моҳи феврал маълум шуд, ки домоди Назарбоев Тимур Қулибоев дар Шӯрои мудирони "Газпром" ҳузур пайдо накардааст.
Наздикони дигари раисҷумҳури собиқ низ пас аз ҳаводиси Қазоқистон мақомҳои худро тарк мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки эътирозоти оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон дар пасманзари ду баробар боло рафтани нархи газ сар зада, аз ҷумла шаҳри Алмаато, пойтахти пешинаи ин кишварро фаро гирифтанд. Дар посух роҳбарияти кишвар то 19 январ ҳолати фавқулодда эълон намуд, то тартиботу волоияти қонунро таъмин намояд.
Ба гузориши СММ, дар ҷараёни эътирозот дар Қазоқистон ҳудуди ҳазор нафар маҷруҳ гардиданд. Ба иттилои мақомоти умури дохилии Қазоқистон, тайи ин ҳаводис 17 намояндаи мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расида, беш аз 1,3 ҳазор нафар осеб дидаанд.
Лентаи хабарҳо
0