Таъйини Солеҳзода ба ҷои Қунғуротзода: сардори нави милиса дар нақлиёт кист?

© Пресс-служба МВД ТаджикистанаНачальник отдела: Солехзода Искандар - глава УВД транспорта Таджикистана
Начальник отдела: Солехзода Искандар - глава УВД транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Обуна шудан
Сардори собиқи Раёсати умури дохилии Хатлон ба вазифаи сардори милиса дар нақлиёти Тоҷикистон таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Генерал-лейтенант Солеҳзода Искандар, ки роҳбарии мақомоти умури дохилии Хатлонро ба уҳда дошт, ба мақоми сардори раёсати ВУД дар нақлиёт таъйин гардидааст.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод. Солеҳзода дар ин мақом генерал Фотеҳ Қунғуротзодаро иваз намуд. Қунғуротзода роҳбарии милиса дар нақлиёти Тоҷикистонро аз моҳи декабри соли 2017 то моҳи равон ба уҳда дошт.
Солеҳзодаи 58-сола, сардори навтаъйини Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёти Тоҷикистон дар гузашта дар мақоми мувоинати вазири умури дохилӣ кор карда, солҳои охир роҳбари мақомоти умури дохилӣ дар Хатлон буд.
Тақдими рутбаи генерал ба Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, сардори раёсати умури дохилии ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Таъйини генерали барканоршуда аз ВМКБ ба мақоми таъмингари бехатарии ҳаракати президент
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, генерал Солеҳзода аз моҳи апрели соли 1990 дар мақомоти умури дохилӣ фаъолият мекунад.
Ӯ корашро аз ваколатдори оперативии гурӯҳи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ва муташаккил оғоз кардааст.
Баъдан дар вазифаҳои сардори шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳо дар системаи бонкҳо, сардори шуъбаи мубориза бар зидди коррупсия дар сохторҳои қудратӣ, сармушовири дастгоҳи вазир фаъолият кардааст.
Солеҳзода инчунин роҳбарии дафтари "Интерпол" дар Тоҷикистон, роҳбари намояндагии ВКД дар умури муҳоҷират дар Русия, сардории Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ва муовинати вазири корҳои дохилии ҷумҳуриро ба уҳда доштаст.
Лентаи хабарҳо
0